Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Мушкилоти омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Мушкилоти омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Санаи 1-уми декабр бо ибтикори кафедраи умумидонишкадавии забонҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Мушкилоти омӯзиши забонҳои хориҷӣ» мизи мудаввар доир гардид. Дар рафти мизи мудаввар мутахассисони Раёсати илм ва инноватсияи ДМИТ низ ҳузур доштанд. 
Сухани ифтитоҳиро ассистенти кафедраи мазкур Ромиз Дӯстмуродов оғоз бахшида, зимни маърӯзаи хеш роҷеъ ба мушкилоти рӯзмараи омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар муқоиса бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуда, зикр сохт, ки маҳз ҳамин душвориҳо зимни иштирок дар озмунҳо садди роҳи донишҷӯён мегарданд. 
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки қисмати асосии мизи мудаввар бештар ба забоншиносии муқоисавӣ равона шуда, дар он мушкилоти шакли ҷамъи исмҳо ва категорияи ҷинсият мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Роҷеъ ба ин масъалаи мубрами илми забоншиносӣ аз ҷониби Р. Дӯстмуродов муаммою чистонҳо бо се забон пешниҳод гардид, ки ба маҳфил ҳусну таровати дигар бахшид. 
Сипас, донишҷӯёни курси якум Ноиб Файзуллоев дар мавзӯи “Why do people learn english?”, Шаҳзода Саидова дар мавзӯи «Муродифоти феълҳои гуфтор to say, to speak, to talk, to tell ва тарҷумаи маъноии онҳо дар забони тоҷикӣ» ва Шарифа Ашурова дар мавзӯи “Нуфузи забони англисӣ дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа» баромад намуданд. 
Дар охир, мудири кафедра Туйғунов Н.Ҳ. дар мавзӯи «Зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» ибрози ақида намуда, ҷавононро бо пос доштани арзишҳои миллӣ даъват намуд. 


М. Закирова, 
М. Толибова