Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

«Маҳфили зарифон» имкони намоиши маҳорат

«Маҳфили зарифон» имкони намоиши маҳорат

Рӯзи 1 декабри соли равон дар толори фарҳангии Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи М.Турсунзода даври дуюми озмуни телевизионии «Маҳфили зарифон» доир гардид. Дар он дастаи «Ҷавонӣ»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо дастаи «Кишоварз»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур бо ҳам сабқат карданд. 
Шартҳои озмун тағйир наёфта, аз саломнома, иҷрои суруди ҳаҷвӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, саволнома ва тақлидкорӣ иборат буд. Иштирокчиён ба ҳозирин ва аъзои ҳакамон маҳорати худро бо истеъдоди баланди зарофат нишон доданд. 
Баромади иштирокчиёнро ҳайати ҳакамони босалоҳият – Носирҷон Бӯриев, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мунаввари Шоҳин, намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Тағоймурод Назаров, намояндаи Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон, Муҳсин Муродзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ баҳогузорӣ карданд. 


Mahfzar4004.jpgMahfzar4003.jpg


















Бояд гуфт, ки ҳар як баромади дастаҳоро ҳозирин гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Воқеан ҳам ҳаваскорони ҷавон хеле хуб тайёрӣ дида буданд, ки намоишҳо хеле ҷолибу диданӣ ва бо маҳорати баланди актёрӣ иҷро гардид. Донишҷӯёни мо, бахусус дар иҷрои тақлидкорӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, дар саволу ҷавоб ва иҷрои суруди ғайриозмунӣ маҳорати баланд нишон доданд, ки бозгӯи заковату ҳозирҷавобӣ ва қобилияти баланди эҷодии онҳо буд. 
Гарчанде ки дар ҷамъбасти озмун дастаи «Кишоварз» бо гирифтани 83 хол пируз гардида бошад ҳам, дастаи «Ҷавонӣ»-и ДМИТ аз онҳо кам набуд. Онҳо тавонистанд маҳорати худро намоиш диҳанд. 
Мақсад аз баргузории озмуни «Маҳфили зарифон» ин таҳкими дӯстию рафоқат байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва дарёфти истеъдодҳо аз байни иштирокчиён мебошад. Аз баромади иштирокчиён ду нафарро ҳайати ҳакамон махсус қайд кард - якеаш Ҳилола Шукурова, донишҷӯи курси 4, факултети ҳисобдорӣ ва оморро барои маҳорати суханвариаш барои ҳамкорӣ ба Телевизиони Тоҷикистон даъват карданд. 
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар ин гуна озмунҳо иштирок муҳимтар аст, зеро дар баробари ширкат дастаи ҳунарӣ таълимгоҳро муаррифӣ карда, дар саҳнаи баланд имкони баромад карданро пайдо мекунад. 


Машҳура Абдуллоева