Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Марде аз сарнавишт

Марде аз сарнавишт

Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи фаъолияти гумрукӣ рӯзи 30 ноябри соли ҷорӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Марде аз сарнавишт» баргузор кард. 
Зимни оғози чорабинӣ сардори раёсати илм ва инноватсияи донишкада Қутбиддин Муқимов қайд кард, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари мо ҳамчун давлати мутараққӣ рушд карда истодааст. 
Сипас Зафар Ҳалимхонов, устоди калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдат» маърӯза намуд. 
Мавзуф иброз дошт, ки имрӯз мо ҳама дар партави сиёсати хирадмардона ва созандаю ташаббускоронаи Пешвои миллат гирд омада, бояд саъю талош ва меҳнати содиқона намуда, ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, ки сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ дар кишвари азизи мо ҳамеша ҳукмфармо бошад. 
Ҳамчунин донишҷӯи курси 2, Лола Давлатқадамова зикр сохт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан фарзанди содиқи Ватан будани худро собит намуда, ба ваъдаҳои хеш, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода буд, вафо кард. 
Дар интиҳо, Қудратулло Мираков, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ба ҳозирин, хусусан ба донишҷӯён муроҷиат карда гуфт, ки масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавон ҳамеша яке аз рукнҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамон мебошад. Бинобар ин моро мебояд, ки ҳар амру фармон ва супориши Пешвои муаззами тоҷиконро сармашқи кори худ қарор дода, дар пешрафту шукуфоии Ватани азиз саҳмгузор бошем. 


Олим Шомуддинов, устоди кафедра