Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Тавсеаи равобити хориҷӣ

Тавсеаи равобити хориҷӣ

Тибқи мактуби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таҳти № 1/9-7 (5185), аз санаи 16.11.2017 рӯзи 29.11.2017 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти донишкада бо мушовири идоракунии давлатии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир Мирза Ҷаҳанӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Б. Сафаров -муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Ф. Қодиров – муовини ректор оид ба илм, Х. Давлатов- декани факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, Х. Ҷураев-директори Маркази такмили ихтисоси ДМИТ, М. Диловаров-сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва П. Муллоев-директори «Маркази ақлҳо» (Think-Tank) ширкат варзиданд. 
Вохӯриро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сафаров Б. оғоз намуда, меҳмононро хайра мақдам намуда, оид ба самтҳои фаъолияти донишкада (таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва хоҷагӣ), инчунин бобати дастовардҳои муассиса маълумоти муфассал дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ бобати вазъи таъмини технологии донишкада, шумораи донишҷӯёну устодон, маблағи пардохти донишҷӯён, таъмини хатмкунандагон бо ҷои кор, сарчашмаҳои иловагии молиявии ДМИТ ва инчунин лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, ки дар ДМИТ татбиқ гашта истодааст, суҳбат карда шуд. 
Азбаски бо кумаки Бонки умумиҷаҳонӣ (дар ҳаҷми 100 ҳаз. долл. ИМА) намояндагии Маркази такмили ихтисоси ДМИТ дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ гардид (11.09.17) ва боз ифтитоҳи 4 намояндагӣ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Бобоҷон Ғафуров, Хоруғ ва н. Рашт идома дорад, Мирза Ҷаҳанӣ аз вазъи кор дар ин самт пурсон гашт. Аз тарафи директори марказ маълумот дода шуд, ки аллакай нақшаи корӣ бобати ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат дар реҷаи он-лайн дар ин марказҳо таҳия гардида, барномаҳои таълимӣ ва омӯзгорон низ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст. Аз моҳи январ-феврал курсҳо барои кормандони соҳаи молия, андоз ва бонкӣ дар минтақаи Кӯлоб оғоз мегарданд. 
Ҳамзамон, оид ба самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, фаъолияти Пажӯҳишгоҳи илмии «Молия» низ аз тарафи муовини ректор оид ба илм маълумот дода шуд. 
Дар фарҷом мушовири идоракунии давлатии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир Мирза Ҷаҳанӣ аз Маркази такмили ихтисоси ДМИТ дидан намуда, аз фаъолияти он изҳори қаноатмандӣ намуд ва изҳор дошт, ки ҳамкориро бо донишкада дар оянда низ давом хоҳад дод.