Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Мушкилоти иқтисодии ҷаҳони муосир

Мушкилоти иқтисодии ҷаҳони муосир

Факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ рӯзи 28 ноябри соли равон маҳфили илмии донишҷӯёнро таҳти унвони «Маҳфили зеҳн» дар мавзӯи мавриди назар баргузор намуд. Маҳфил пурра ба забони англисӣ баргузор гардид. 
Дар маҳфил донишҷӯён Нозанини С., Султонзода У., Давлатзода М., дар атрофи се мавзӯъ - ҳолати камбизоатӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёти миллии кишвар, буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва буҳронҳои молиявии бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бекорӣ ва нишондиҳандаҳои он маърӯза карданд. 
Қайд гардид, ки сатҳи камбизоатӣ рӯз то рӯз дар кишварамон паст гардида, айни замон нишондиҳандаи он ба 30,5% баробар аст ва тибқи нақшаи дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 он ба 20% бояд кам карда шавад. Инчунин сатҳи бекорӣ низ дар мамлакат мавсимӣ буда, дар семоҳаи зимистон нисбат ба дигар фаслҳо зиёдтар аст ва ин нишондиҳанда дар фасли тобистон кам мегардад. 
Дар интиҳо, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. 


Қамар Шодиев, муовини декан оид ба илми факултет