Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Зарурати таълимоти бефосилаи касбӣ

Зарурати таълимоти бефосилаи касбӣ

Рӯзи 13 ноябри соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи менеҷмент конференсияи илмӣ-амалии донишкадавӣ дар мавзӯи «Идоракунии стратегии рушди захираҳои инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» доир гардид. 
Дар он Таваралӣ Ғаниев, д.и.и., профессори ДМТ дар мавзӯи «Таълимоти бефосилаи касбӣ-электронӣ ҳамчун модели консептуалии рушди стратегии неруи инсонӣ» баромад кард. Ӯ, аз ҷумла таъкид сохт, ки таълимоти касбӣ бефосила ва муттасил бояд дар давоми умри инсонӣ идома ёбад. Мавсуф функсияҳои таълимоти бефосилаи касбиро дар рушди стратегии неруи инсонӣ дар таъмини рушдёбандагии бефосилаи неруи касбии инсонӣ, таъмини пуррасозии ҷои косташудаи малака ё донишҳои касбӣ дар зинаҳо ва ё давраҳои алоҳидаи рушди инсонӣ, таъмини ташаккулёбии рушди устувори инсонӣ ва мувофиқасозии неруи касбӣ бо рушди прогресси илмию техникӣ, таъмини муҳити созандаи таълимотиву эҷодӣ дар тамоми зинаҳои рушди менеҷменти касбӣ, таъмини рушдёбандагии неруи касбӣ ва тавонмандии пешвоӣ дар роҳбарии менеҷменти муосири касбӣ дар шароити геоиқтисодӣ маънидод кард. 
Баъдан Рустам Бобоҷонов, д.и.и., профессор, мудири бахши рушди инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар мавзӯи «Стратегия развития Таджикистана в контексте устойчивого развития» маърӯза кард. 
Гуфта шуд, ки дар шароити муосири инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон ташкилотҳои байналмилалӣ ва корхонаҳои хурду миёна дар зинаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар навбати аввал он масоилеро баррасӣ менамоянд, ки агар натиҷагирии онҳо ба рушди устувори инсонӣ мусоидат намоянд.
Ҳамин тавр, дар конфронс тамоми масоили ба рушди устувори инсонӣ мусоидаткунанда мушаххасан баррасӣ гардид.


Машҳура Абдуллоева