Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Ҳизби ҷавонсолору зодаи масъулият

Ҳизби ҷавонсолору зодаи масъулият

Санаи 9 ноябри соли 2017 бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «ҲХДТ: Ҳизби ҷавонсолору зодаи масъулият» баргузор карда шуд.
Мизи мудавварро Шукрулло Хайров – муовини ректор оид ба таълими донишкада ифтитоҳ намуда, бобати нақши ҲХДТ дар ташаккули маърифати зеҳниву сиёсии ҷавонон ибрози андеша кард. Мавсуф баён дошт, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷавононро аз мавзӯъҳои меҳварии фаъолияти хеш қарор додааст. Маҳз ҳамин авлавият аст, ки теъдоди аъзоёни ҳизб аз ҳисоби ҷавонон рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш оварда, онҳо пешбурди фаъолияти ин ниҳоди сиёсиро соҳиб гардиданд.
Сипас Зарина Файзуллозода - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба дурнамои ҳадафҳои ҲХДТ дар самти кор бо ҷавонон сухан намуда, баён дошт, ки новобаста аз он ки то имрӯз ҷавонон  ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи ҲХДТ, махсусан роҳбари муаззами ин ҳизб Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта бошад ҳам, дар оянда низ ин раванд ба тадриҷан афзоиш ёфта, сиёсати кор бо ҷавонон масъалаи калидии фаъолияти ҳизб хоҳад гардид.
Ҳамин гуна Ҷамшед Олимов-сардори шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ташаккули ҲХДТ» маъруза карда, дарҷ намуд, ки ҲХДТ дар тӯли фаъолияти худ бо ҷавонон ҳамчун як неруи созанда ва захираи тиллоии миллат таваҷҷуҳ намудааст  ва дар амалинамоии мақсадҳои барномавии худ аз ин қувва истифодаи васеъ мебарад. Зеро дидгоҳи ҷавонон ба мақсаду маромҳои ҲХДТ наздикии зич дошта, он метавонад дар раванди ташаккули демократикунонии ҷомеа заминаҳои мусоид гузорад.
Амирҷон Урунов - намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ҲХДТ ҳизби ташаббускор ва зодаи масъулияти миллӣ» суханронӣ карда, баён дошт, ки ин ҳизб зодаи масъулияти миллат аст, ки дар замони ногувории пояҳои давлатдорӣ таъсис ёфта, миллатро атрофи ғояҳои хеш ба ҳам овард ва давлатро аз парокандагиву нобудӣ раҳо гардонида, масъулияти имрӯзу ояндаи миллати тоҷикро ба дӯш гирифт.
Дар идомаи мизи мудаввар Давлатзода Абдулло - сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада дар мавзӯи «ҲХДТ: Ҳизби ҷавонсолору зодаи масъулият» баромад намуда, қайд кард, ки ин ҳизб маҳз ба воситаи неруи ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар падид омад ва қабл аз ҳама, манфиати ҳамин қишри ҷомеаро дар пешбурди фаъолияти хеш зери таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дод. Ҳамин аст, ки имрӯз аз нисф бештари аъзоёни ҳизбро ҷавонон ташкил дода, онҳо ҳамчун кадрҳои болаёқату дорои дидгоҳи замонавӣ ба вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи сохторҳои пешбарандаи ҷомеа таъйин мегарданд. 
Инчунин дар мизи мудаввар Давлатов Дилшод - роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон-созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар ДМИТ дар мавзӯи «ҲХДТ: Ҳизби ҷавонпарвару адолатхоҳ», Халифазода Ҷовидон дар мавзӯи «ҲХДТ-дастгир ва мададгори ҷавонон», Мавлоназарова Сабзбаҳор дар мавзӯи «Кор бо ҷавонон аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ» маърӯзаҳо намуданд. 
Дар интиҳо муроҷиатномаи Раиси ҲХДТ бобати таъсиси ҳизб аз ҷониби Ализода Ҷаҳонгир-аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон-созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар ДМИТ қироат карда шуд. Мизи мадаввар бо музокираву андешарониҳои иштирокчиён хотима ёфт.


Фаридун Саидов