Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Тақвияти робита бо истеҳсолот

Тақвияти робита бо истеҳсолот

Рӯзи 9 ноябри соли 2017 бо мақсади боз ҳам наздиктар шудани донишкада бо вазорату идораҳои соҳавӣ (истеҳсолот) кафедраи фаъолияти гумрукӣ мутахассисони дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуд. 
Бо мақсади дарёфти роҳҳои самараноки амалисозии вазифаҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, ки пеш аз ҳама, ба амнияти иқтисодии кишвар иртибот доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи рушди мақомоти гумрукро қабул намудааст, ки он ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии рушди мақомоти гумрукро дар ояндаи наздик муайян менамояд.
Яке аз самтҳои асосии амалӣ намудани Консепсияи рушди мақомоти гумрук ин таҳия ва татбиқи Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона ба шумор меравад.  
Бо ин мақсад дар мувофиқа бо садорати факултет кафедраи фаъолияти гумрукӣ сардори Маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук, подполковники хадамоти гумрук Султонов Қурбоналӣ ва сардори шуъбаи таъминоти барномавӣ ва бехатарии маъмурияти СИАЯ Ҷаъфаров Тоҷиддинро даъват намуд.  
Дар вохурӣ бо мутахассисони соҳа устодони кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва донишҷӯёни курси 4 ихтисосҳои хадамоти гумрук ва таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ иштирок доштанд.
Вохурӣ тариқи истифода намудани тахтаи электронӣ бо нишон додани слайдҳо шавқовар гузашт. Дар рафти дарс аз тарафи донишҷӯён саволу ҷавобҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд гуфт, ки автоматикунонии ин ҷараёнҳо барои самараноктар пеш бурдани назорати гумрукӣ ва тезонидани иҷроиши расмиётҳои гумрукӣ, ба як тартиб даровардани расмиётҳои гумрукӣ, боз ҳам пурра баҳисобгирии даромадҳои давлатӣ, инчунин ҷамъоварии дақиқи маълумоти фаврӣ дар бораи фаъолияти гумрук мусоидат менамояд.


Қудратулло Мираков, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ