Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

10 ноябр – Рӯзи милитсияи тоҷик

10 ноябр – Рӯзи милитсияи тоҷик

Ҳамасола рӯзи 10 ноябр дар кишвар ҳамчун рӯзи иди касбии кормандони милитсия таҷлил мегардад. Ба ин муносибат рӯзи 8 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори шуъбаи тарбия вохӯрии ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада бо кормандони мақомоти милитсия баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ Сафарзода Юсуф, подполковники милитсия, муовини сардори ШКД-1 дар ноҳияи Сино, Шарбат Ҳодиев, майори милитсия ва Мирзошо Ҳабибуллоев, лейтенанти калони ШКД-1 дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмонони чорабиниро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик аз номи раёсати донишкада табрику муборакбод гуфта, саҳми эшонро дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд арзанда арзёбӣ кард.
Ҳамзамон Ҷовид Боймуродов, мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба хобгоҳҳо дар баромади худ зикр намуд, ки вазифаи мақомоти корҳои дохилӣ ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ буда, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз ҷойҳои марказиро ишғол менамоянд. Тавре медонем, имрӯзҳо бо пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохила ба сохтори тавонои ҳифзи тартибот табдил ёфтааст, гуфт номбурда. 
Ҷовид Боймуродов афзуд, ки бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳар як корманди мақомоти милитсия манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, минбаъд низ риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои худ тақвият бахшида, дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои мардуми кишварамон саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамоянд.
Дар интиҳо, Шукрулло Хайров ба роҳбарият ва кормандони ШКД-1 дар ноҳияи Сино барои ҳамкории мутақобила бо раёсати ДМИТ изҳори миннатдорӣ намуда, аз номи роҳбарият ба меҳмонони чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.


Хисрав Муҳиддинов