Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

«Маҳорати педагогӣ» такмилдиҳандаи фаъолияти омӯзгорист

«Маҳорати педагогӣ» такмилдиҳандаи фаъолияти омӯзгорист

Тайи чанд сол аст, ки роҳбарияти ДМИТ иқдоми наҷиберо пеш гирифтааст, ки шоистаи таҳсин аст. Ин навбат низ раёсати донишкада ташкил ва баргузории курсҳои омӯзишии «Маҳорати педагогӣ»-ро зарур дониста, давраи аввали онро дар ҳамин соли таҳсил аз 1 ноябр оғоз ва он то 18 ноябри соли равон идома хоҳад ёфт. 
Дар курсҳои омӯзишӣ асосан ассистентон ва муаллимони ҷавони кафедраҳои донишкада шомиланд, ки мақсад аз ин донишу малака ва маҳорати омӯзгории онҳоро сайқал додан аст.
Машғулиятҳоро устодони соҳибтаҷриба – профессор Қодир Қодиров ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саъдулло Носиров бо маҳорати баланд мегузаронанд. Барномаи курсҳои омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» фарогири муаммоҳои таълиму тарбия буда, дар такя ба талаботи замони имрӯз таҳия шудааст. Дарсҳо ҷолибу шавқовар сурат гирифта, дар ин ҷараён проблемаҳои таълим, тарбия, моҳияту принсип ва хусусиятҳои таълим, методҳои наву инноватсияи таълим, таълими салоҳиятнок, равандҳои педагогӣ ва ҳамзамон роҷеъ ба усулҳои азбарнамоии дониш, малака ва маҳорат аз тарафи донишҷӯён  мавриди баҳс ва омӯзиш қарор мегирад.  
Mahorat4001.jpgМубоҳиса ва саволу ҷавобҳо перомуни мавзӯъҳои актуалии педагогика бештар доир гардида, шунавандагон – ассистентҳои ҷавон ва камтаҷриба ба саволу мушкилоти худ дар самти фаъолияти педагогӣ  посухҳои мушаххас мегиранд. 
Мутахассисон Қодиров Қ.Б., Носиров С.Ш. кӯшиш менамоянд, ки бештар вобаста ба хусусияти фанҳои алоҳидаи ихтисосӣ бо  шунавандагон корҳои амалӣ баранд. Ин амал таваҷҷуҳи онҳоро ба мавзӯъҳои дарсӣ зиёдтар менамояд. Ин аст, ки омӯзгорони ҷавон бо майлу рағбати дучанд ва фаъолона дар машғулиятҳо ширкат меварзанд.   
Дарсҳо дар нимаи дуюми рӯз – рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва шанбе доир гашта, аз тарафи шуъбаи мониторинги идораи сифати таълим назорат бурда мешавад. 
Бояд тазаккур дод, ки ташкили ин гуна курсҳо бо мақсади такмили ихтисоси омӯзгорон ва сайқал додани маҳорати касбии онҳо ва дар ин баробар боло бурдани сатҳи сифати таълим ва тарбия роҳандозӣ гардида, раёсати ДМИТ дар ин самт пайваста тадбирҳои заруриро меандешад. 


М. Абдуллоева