Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Иштироки устодон дар семинари САҲА

Иштироки устодон дар семинари САҲА

Рӯзҳои 5-8 сентябри соли равон дар Коллеҷи сарҳадоти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе семинар оид ба татбиқи бомуваффақи омӯзиши фосилавӣ дар муассисаҳои миллии таълимии сарҳадӣ ва мақомоти гумрук шуда гузашт.  Хурсандиовар аст, ки дар ин семинари байналмилалӣ дар баробари намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи ҳифзи ҳуқуқи 10 давлати хориҷи кишвар (Португалия, Руминия, Молдова, Украина, Белорус, Гурҷистон, Қирғизистон, Македония, Қазоқистон ва Австрия) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо намояндагони ДМИТ - мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Қудратулло Мираков ва муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ Олимҷон Шомудинов иштирок ва презентатсияи худро пешниҳод намуданд. 
Семинари мазкур бо мақсади муайянсозии афзалият ва камбудӣ, хатару имкониятҳо дар ҷараёни омӯзиш бо воситаҳои техникӣ ва электронӣ, ки дар муассисаҳои таълимии сарҳадӣ ва мақомоти гумрук амалӣ мегарданд, ташкил карда шудааст. 
Машғулиятҳоро коршиносони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Австрия - Карл Ваппел, директори Академияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Австрия ва Стефан Ферстерер, корманди ҳамин Академия гузарониданд. 
Бояд гуфт, ки семинарро роҳбарияти таълимгоҳ - Елисеев А. М., иҷрокунандаи директори Коллеҷи сарҳадоти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе ва Казарян Элона дар сатҳи баланди касбӣ ташкил намуданд.
Пас аз анҷоми он ба шунавандагон сертификатҳо супорида шуд.