Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Тантанаи Истиқлолият дар донишкада

Тантанаи Истиқлолият дар донишкада

Ба ифтихори ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябри соли равон дар донишкада ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки васеи устодону кормандон ва донишҷӯён доир гардид.
Чорабинӣ бо тамошои филми мустанад дар бораи таърих ва дастовардҳои истиқлолият таҳти унвони «Файзи истиқлол» оғоз гардид. Сипас муовини ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров бо сухани табрикотӣ баромад карда, аҳли нишастро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуд. Ӯ, аз ҷумла, қайд кард, ки истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард. Имрӯз тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад, - илова намуд мавсуф.
Istiqlol_ch4001.jpgБаъдан, Ҷамрод Бобоев, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ дар маърӯзааш аз дастовардҳои истиқлолият ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки комёбиҳои дар тӯли таърихи 26-солаи истиқлолият ба дастовардаи моро метавон бо сатрҳои заррин сабт намуд. Ин дастовардҳо дар ҳамаи самтҳои ҳаёти имрӯзаи мо бараъло намоёнанд. Тоҷикистон дар соҳаи иқтисод ва иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сатҳи камбизоатиро дар муддати кӯтоҳ аз 80 дарсад ба 31 дарсад поён фаровард, модели худии бунёди давлатдории миллиро таҳия ва татбиқ намуда истодааст, ки замина барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Иҷроиши нақшаҳои дурнамои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи се ҳадафи асосии стратегӣ - раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ зина ба зина амалӣ гашта истодааст,- илова намуд маърӯзачӣ.
Сипас, Мижгона Сатторова, донишҷӯи курси 1, факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзӯи «Истиқлолияти ҳастии миллат» баромад кард. Ӯ дар бораи моҳияти истиқлолияти давлатӣ истода гузашта, гуфт, ки шинохти моҳияти истиқлол аз тарафи ҳар як сокини кишвар муҳим ба шумор меравад, зеро истифодаи амалии дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ аз дарки дурусти моҳияти он оғоз мешавад.
Сипас ба чанд нафар устодону кормандони фаъоли донишкада бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаву Сипосномаҳо супорида шуд. Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Меҳтар Содиқов ва Фахриддин Раҷабов, Ифтихономаи ДМИТ ба Музаффаров Б., Носиров С., Иноятов Ф., Буриева М., Азимова Г., Тешаева М., Муминов Ф., Мирзоалимов М., Бозоров Ҷ.; Сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба Раҷабов Б., Бухориев М., Муҳиддинов Х., Ғаффорова М., Нурализода А., Муминов Ф., Алиева З., Баротов А., Усмонов У., Ҳисайнов А.; Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҶТ ба Хайров Ш., Нурализода А., Давлатов Х., Насриддинов Ф., Шералиев Э., Шарипов Ҷ., Калаков Ҷ.; Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ба Шукуров С. дар вазъи тантанавӣ супорида шуд. 
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён шеърҳо дар васфи Истиқлолият, Ватан ва Тоҷикистон хонда шуд. 
Ҷаласаи тантанавӣ дар рӯҳияи баланди сулҳу ваҳдат ва ифтихор аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ анҷом пазируфт.


Машҳура Абдуллоева