Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Паёми табрикотӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Паёми табрикотӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! 

Якояки Шуморо бо ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бароятон ояндаи дурахшон, осмони софу беғубор ва рушди бемайлони кишвари азизу маҳбубамонро таманно дорам. 
Истиқлолияти давлатӣ яке аз падидаҳои муқаддас ва неъмати бебаҳои давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро ҷовидониву абадӣ сохт. Имрӯзҳо ба туфайли истиқлолияти давлатӣ кишвари маҳбуби мо эътибори ҷаҳонӣ дошта, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баррасиву ҳалли мушкилиҳои сатҳи байналмилалӣ мақоми хоса дорад. Истиқлолияти давлатӣ ва таҷрибаи давлатдории навин моро ба башарият ҳамчун миллати сулҳдӯсту сулҳофар шиносонида, соҳибихтиёрии мо омили муҳимтарини якпорчагии давлат ва якдилии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Истиқлолият ҳамчун рамзи озодӣ, ваҳдати миллӣ, адолат, соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ моро дар назди имрӯзу ояндаи миллати хеш масъул гардонида, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар ҷодаи худ баҳри инкишофи давлати хеш содиқонаву софдилона хидмат кунем. Аз ин рӯ, бароятон садоқат ва иқболу роҳи сафед хоҳонам. 
Таманнои онро дорам, ки 26 соли истиқлолият чун 26 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯ оварад.
Бигзор, ҳар рӯзи Шумо пур аз ифтихори ватандорӣ ва шодиву нишоти зиндагӣ бошад ва нури озодиву истиқлолият ба хонадонатон файзу баракат ва саодат бахшад!
Ҷашни истиқлолияти давлатӣ муборак бод!


Ректори ДМИТ 
д.и.и., профессор Давлатзода Қ.Қ.