Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Раҳоварди устодон омӯхтанист

Раҳоварди устодон омӯхтанист

Ҳамасола барои такмили ихтисос ва бо мақсади шиносоӣ ва омӯзиш як қатор устодони донишкада ба кишварҳои хориҷи дур ва наздик сафари хизматӣ менамоянд. Ин навбат Эмомалӣ Шералиев, декани факултети молия ва қарз аз санаи 8 то 22 августи соли 2017 дар Донишгоҳи тахассусии забонҳои хориҷӣ ва савдои тиҷоратии шаҳри Нанчани Ҷумҳурии Халқии Хитой дар семинари байналхалқӣ дар мавзӯи «Идоракунии низоми молиявӣ ва андозситонӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой», ки бо ташаббуси Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой ташкил гардида буд, иштирок дошт.
Мувофиқи барнома семинари мазкур омӯзиши ду самтро дар бар гирифта буд: шиносоӣ бо фарҳанг, расму оин, маданият ва маълумоти умумӣ дар бораи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва низоми молиявию андозбандӣ ва сохтори мақомоти андози ин кишвар иборат буд. Инчунин дар доираи сафар шиносоӣ бо маркази сиёсии он - шаҳри Пекин, маркази тиҷоратию молиявӣ - шаҳри Шанхай ва шиносоӣ бо фаъолияти кории Раёсати андози минтақаи парки технологияи баланди шаҳри Нанчан барпо гардид.
Аз ҷониби профессорони Донишгоҳи молия ва иқтисоди музофоти Сзиян дар мавзӯъҳои хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва идоракунии мақомоти андоз, системаи андоз аз арзиши иловашуда ва ҳимояи ҳуқуқи андозсупорандагон, рушд ва баҳогузории пардохти андозҳо, муқаррарсозии функсия ва тартиби идоракунӣ, андозбандии байналмилалӣ, аксиз ва идоракунӣ аз рӯи хавфи андозҳо, ташкили идоракунии андозбандӣ ва тартиби маҷбуран ситонидани андозҳо ва санҷиши онҳо маърӯзаҳо карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар низоми идоракунии молиявӣ ва тартиби ҳиссаҷудокуниҳои андозӣ тамоми меъёрҳои ҳиссаҷудокуниҳои андозӣ байни буҷетҳои дахлдор (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, маҳаллӣ) тибқи қонуни буҷети давлатӣ ба танзим дароварда мешавад. Инчунин дар рафти омӯзиши низоми андозбандии байналмилалӣ муайян гардид, ки мушкилоти асосӣ дар қисмати андозбандӣ ин босуръат афзоиш ва тадриҷан васеъ гаштани соҳаи хизматрасониҳои электронӣ аст, ки имконияти аз ҷониби мақомоти андоз пайгирӣ намудани ширкатҳо ва ҳаҷми воқеии фурӯши молҳоро мушкил менамояд.
Умуман, таҷрибаи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти низоми идоракунии молиявӣ ва андозбандӣ ва истифодаи шаклҳои беҳтарини он дар шароити Тоҷикистон хеле зарур буда, барои самаранок амал кардани низоми давлатдорӣ хеле арзишманд мебошанд.


Машҳура Абдуллоева