Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Ҷашни Рӯзи дониш дар ДМИТ

Ҷашни Рӯзи дониш дар ДМИТ

Ҳамасола дар кишвар рӯзи 1-уми сентябр чун Рӯзи дониш бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад. Имсол ҳам дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ин муносибат дарси сулҳ ва ҷаласаи ботантана сурат гирифт. Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бодиққат шуниданд.
Сипас ба ифтихори Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Онро бо сухани табрикотӣ ректори донишкада Қудрат Давлатзода ифтитоҳ ва ҳозиринро бо соли нави таҳсил муборакбод намуда, иброз дошт, ки мо шоҳиди суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ки саршори муҳаббат ба миллати хеш ва насли ҷавону созанда мебошад.
Бар ивази ғамхорӣ ва ба хотири арҷгузорӣ ба шароитҳое, ки давлату Ҳукумати кишвар барои таҳсилу касби илм фароҳам сохтааст, ҷавонони мо бояд дар омӯзиши касб, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фаъолу пешсаф бошанд. Мо ҳамчун давомдиҳандаи миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсози тоҷик бояд дар талаби дониш кӯшиши пайваста дошта бошем.
Ректор донишҷӯёнеро, ки имсол ба донишкада шомил шудаанд, табрик гуфта, ин рӯзро барояшон рӯзи хотирмон ва басо рамзӣ хонд.
-Зеро имрӯз марҳилаи тиллоии ҳаёт, яъне даврони донишҷӯиятон оғоз гардида, шуморо дӯстони нав, имконияту фурсатҳои ҷадид, ҷаҳони зебою дунёи пур аз орзуҳо ва марҳилаи фаромӯшнашавандаи зиндагиатон интизор аст. Аз ин рӯ, ҳамчун пайравони Пешвои миллати хеш дониш талабед, бузургӣ омӯзед ва ҳамчун шахсияти поквиҷдону поктинат ба халқу миллати худ хизмат кунед,- гӯён ба ҷавонон муроҷиат кард Давлатзода Қ. 
Darsi_kushod4001.jpgАз номи олимони донишкада профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев сухан карда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои беҳтарини фароҳамомада ва аз устодони варзидаи ин боргоҳи илм ба таври самаровар истифода бурда, хубу аъло таҳсил намоянд ва мутахассиси касбии арзандаи соҳаи молия ва иқтисод шаванд. 
-Зеро рисолати донишҷӯ ин талаби илм буда, ғайр аз маърифат ва илм дар ҳаёти инсон ҳунаре нест ва буда ҳам наметавонад, - махсус таъкид дошт Мирзоев Ғ. 
Дар охири ҷамъомади тантанавӣ хатмкардаи магистратураи донишкада Шаҳноза Абдуллоева арзи эҳтирому миннатдории хешро ба устодон расонида, донишҷӯёни тоза ба ин макони илм қадамгузоштаро хайрамақдам гуфта, ба онҳо рамзан калиди дониш ва дафтарчаи имтиҳонотиро супорид ва онҳоро ба фатҳи қуллаҳои баланди дониш ва соҳибтахассусӣ хонд. Ӯ нақши ин таълимгоҳро дар омода кардани мутахассисони кордони ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат назаррас дониста, аз шароитҳои мавҷуда дуруст ва самаранок истифода бурдани донишҷӯёнро муҳим арзёбӣ намуд. 
Донишҷӯи курси аввали факултети молия ва қарз, ки тоза ба донишкада шомил гардидааст, бо эътимод ва қатъият дар назди ҳозирин ваъда дод, ки анъанаи донишҷӯёни пешинаро такмил дода, бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд ва тамоми қувваю дониши хешро барои рушди мамлакат сарф менамоянд.
Дар охир, ба чанд нафар барои иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойҳои фахрӣ дар озмуни илмӣ-таҳқиқотии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо номи “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2017”, аз ҷумла Нурализода Амрулло, Бобохӯҷаев Аълохӯҷа, Додоҷонзода Фирдавс, Бобоҷонова Бунафша, Абдураҳимов Фирдавс Диплому Ифтихономаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. 
Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифта, дар рӯҳияи ватандӯстиву доништалабӣ ҳусни анҷом пазируфт.


Машҳура Абдуллоева