Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Табрикоти ректори ДМИТ

Табрикоти ректори ДМИТ

Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!


Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш ва Иди Қурбон, ки имсол ҳарду дар як рӯз омадаанд, сидқан табрику муборакбод менамоям.
Ҳамасола рӯзи 1-уми сентябр бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сулҳ ва дониш гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки баргузории Рӯзи дониш дар сатҳи умумимиллӣ шаҳодати ғамхориҳои ҳамешагӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат ба илму маориф, донишу маърифат ва такя ба зиёиёну донишҷӯён мебошад. Воқеан, давлати ба илму дониш ғамхор давлати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст.
Мусаллам аст, ки рушди тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва таъмини сатҳу сифати баланди зиндагии мардум, пеш аз ҳама, аз сатҳи донишу маърифатнокии аҳли ҷомеа вобастагӣ дорад. Хосатан дар замони имрӯза, ки илму технологияҳои навин рушд карда, ихтирооту наворариҳо афзун мегарданд. Аз ин рӯ, барои мутахассиси ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат будан бояд ҷавонони мо дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро ба хубӣ аз худ карда, забонҳои хориҷиро балад ва навовару ташаббускору ҷӯянда бошанд. 
Бинобар ин ҷавобан ба қадршиносии давлату ҳукумат ва хусусан ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат аҳли коллективи меҳнати донишкада ба масъалаи беҳтар кардани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони баландихтисос бояд диққати махсус дода, ба дараҷаи баланди таълиму тарбияи муҳассилин муваффақ гардем, то бо мутахассисони касбӣ рушди босуръату устувори илму дониш ва молияву иқтисодро дар кишвар таъмин созем.
Боварӣ дорам, ки бо фаъолияти содиқонаву муташаккилона мо дар пешрафти минбаъдаи таълимгоҳ ва афзун кардани дастовардҳои он ба пирӯзиҳои навин дастёб мегардем. 
Бори дигар ҳамагонро бо ин ҷашнҳо табрику таҳният гуфта, барояшон сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ, фаъолияти пурсамар ва таҳсили хубу аъло орзу менамоям.


Ректори ДМИТ Қудрат Давлатзода