Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Фарорасии Рӯзи дониш

Фарорасии Рӯзи дониш

Рӯзи 30 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии Рӯзи дониш дар ҳузури ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуданд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар ду толори фарҳангии донишкада суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш бодиққат гӯш карда, нуктаҳои муҳимми онро дар самти беҳтар кардани таълиму тарбия, худшиносию ватандӯстии ҷавонон барои худ чун дастур қабул карданд. 


Абдуллоева М.