Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Ҳисобот дар бораи натиҷаи фаъолияти ДМИТ

Ҳисобот дар бораи натиҷаи фаъолияти ДМИТ

Рӯзи 1 июли соли равон дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишкада ҳисоботи ректори ДМИТ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи якуми соли 2017 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2017 шунида шуд. Ректори донишкада Давлатзода Қудрат Қамбар дар бораи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити хориҷӣ ва хоҷагӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2017 маълумот дода, тамоми ҷабҳаҳои онро кушод. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ҳисобот ҳамаи нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо соли сипаригардида нишон дода шуда, мавриди таҳлил қарор гирифт. Мавсуф дар баробари дастоварду муваффақиятҳо, инчунин дар баъзе самтҳо мавҷуд будани баъзе камбудиҳоро гуфта гузашта, барои ислоҳи онҳо роҳҳо ва чораҳои мушаххасро нишон дод. Аз ҷумла барои ба талаботи замон ҷавобгӯ будани мавзӯи корҳои хатм ва такрор нашудани мавзӯъҳо ташкил кардани бахши ташхис ва аз барномаи «антиплагиат» гузаронидани корҳои хатмкунӣ пешниҳод гардид. Ҳамчунин мувофиқат кардани самт ва мавзӯъҳои корҳои илмӣ ба Стратегияи миллии рушд таъкид гардид.
Дар музокира Сафаров Б., Кошонова М., Сафаров С., Мирзоев Ғ., Давлатов Х., баромад карда, ҳисоботи натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи якуми соли 2017-ро қаноатбахш ҳисобиданд. Аз тарафи профессор Ғуломҷон Мирзоев таклиф гардид, ки барои боло бурдани сифати таълим комиссияи салоҳиятнок аз ҳисоби устодони ботаҷриба ташкил карда шуда, дарсҳои омӯзгорон новобаста аз синну сол ва таҷрибаи корӣ санҷида шуда, барои такмилу пешравӣ ва босифат гардидани машғулиятҳояш ба ӯ пешниҳодҳои мушаххас дода шавад. Ин таклиф аз тарафи ҳозирин хуш пазируфта шуд.
Дар охир бобати ба меъёрҳои муайянкунандаи донишгоҳ мувофиқ намудани мақоми ДМИТ ва баланд бардоштани сифати таълим, пешравии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва кушодани шӯроҳои диссертатсионӣ дар донишкада, ба феҳристи маҷаллаҳои КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил намудани маҷаллаи илмии «Паёми ДМИТ», тавсеаи равобити хориҷии  донишкада ва ҳарчи бештар ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба таълим дар донишкада, ҷоннок кардани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён ва дигар масъалаҳо чораҳои судманд андешидани масъулин супориш дода шуд.


Машҳура Абдуллоева