Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Омӯзиши имкониятҳои ҷорисозии «Базел-2»

Омӯзиши имкониятҳои ҷорисозии «Базел-2»

Кафедраи фаъолияти бонкӣ дар мувофиқа бо Парки технологӣ ва инноватсионии донишкада тасмим гирифтааст, ки тӯли 10 рӯз аз 20-ум то 30-юми июни соли равон курси такмили ихтисосро дар мавзӯи «Базел-2» ва имкониятҳои ҷорӣ намудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.
Курс бо дастгирии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати омӯзиши стандартҳои байналмилалии сармоя ба роҳ монда шудааст. Курсҳо аз ҷониби коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Оид ба самтҳои ҷудогонаи дастгирии идоракунии молияи давлатӣ: «Лот-1» Искандар Давлатов ва мутахассиси шуъбаи назорати асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ бо сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон Ғуфрон Усмонов баргузор мегардад. Дар курсҳо зиёда аз 15 нафар устодон ҷалб шудаанд. 
Хоҳишмандон низ метавонанд, ки дар курс иштирок намуда, ба донишҳои хеш маълумоти нав илова намоянд. 


Азиз Сафаров,
устоди кафедра