Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Бо арзи самимияти беандоза 20-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар Тоҷикистон ва фарорасии Иди саиди Фитрро бароятон муборакбод мегӯям. 
Азму ирода ва талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки санаи 27-уми июни соли 1997 сулҳи деринтизор дар кишвари мо пойдор гардида, миллати пароканда сарҷамъ ва давлати дар ҳоли фано қарордошта дубора устувор ва эҳё гардид. Пешвои миллат на танҳо мардуми кишварро аз хоку хун, хорию зорӣ ва парешонию саргардонӣ раҳо карданд, балки давлати миллии тоҷиконро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифз ва барқарор намуда, имрӯз роҳи онро равшан ва эътиборашро баланд намуданд. 
Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси давлату давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб рафта, санаи анҷоми нооромиву саргардониҳо ва оғози марҳилаи нави зиндагии ободу осоиштаи мо мебошад. Дар таърихи давлатамон ваҳдат рӯйдоди муҳим ва сарнавиштсоз буда, он имкон дод, ки фазои кишвар осоишта гардад, рушди иқтисодиёти миллӣ таъмин карда шуда, асосҳои зиндагии орому осуда фароҳам оварда шавад. Ваҳдати миллӣ дар роҳи наҷоти миллат, рафъи хатарҳои таҳмилӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дубора ба Ватан баргардонидани фирориёни иҷборӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар падидаи нодир эътироф шудааст.  
Аз ин рӯ, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботе, ки имрӯз дар кишвари биҳиштосои мо ҳукмфармост, якояки Шуморо бо ин идҳо самимона табрик гуфта, ба хонадонатон оромишу осоиш, саломативу сарбаландӣ, офияту саодат ва баракати рӯзгорро таманно дорам. Бигзор, хуршеди сулҳу ваҳдат дар фазои кишвари озоду ободи мо то абад тобанда  ва ваҳдату якдилии мо ҷовидон бошад!


Ректори ДМИТ Давлатзода Қудрат Қамбар