Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Таҳкими Ваҳдати миллӣ рисолати ҳар фард

Таҳкими Ваҳдати миллӣ рисолати ҳар фард

Рӯзи 21 июни соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ семинар-машварати илмӣ бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар эҳёи ҷомеаи навин» баргузор гардид.
Нахуст Қудратулло Мираков, мудири кафедраи мазкур дар бораи моҳияти ваҳдати миллӣ сухан карда, афзуд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии ваҳдати миллӣ бениҳоят бузург аст. Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат  мо тавонистем ба ваҳдати комил бирасем. Имрӯз ба шарофати ваҳдати комили миллӣ дар саросари кишвари азизи мо сулҳу субот ва оромӣ ҳукмфармост. Маҳз ваҳдати миллӣ заминаи асосии пойдории истиқлолияти давлатӣ ва рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ба ҳисоб меравад, гуфт мавсуф.
Сипас Зафар Ҳалимхонов, устоди кафедра баромад карда, зарурати ваҳдати миллӣ ва моҳияти онро дар эҳёи ҷомеаи навин ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ карда, гуфт, ки ваҳдати миллӣ падидаи муҳим дар муаррифии давлатдории тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла мавсуф қайд намуд, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон мавриди омӯзиш ва пайравӣ қарор гирифтааст. Исботи ин гуфтаҳоро мо аз сафари расмии Котиби генералии СММ Антонио Гутерреш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои наздик сурат гирифт ва таассуроти худро аз кишвари сулҳофари мо зимни вохӯрӣ бо Пешвои миллат иброз намуд, пай бурдан мумкин аст. 
Ҳалимхонов З. дар охир ҳамагонро бо ин ҷашни бузург муборакбод намуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ талош варзидани ҳар як фарди ватандӯстро зарур донист.


Машҳура Абдуллоева