Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Ҳисоботи ҳизбӣ дар «Молия ва иқтисод»

Ҳисоботи ҳизбӣ дар «Молия ва иқтисод»

Рӯзи 20 июни соли равон дар донишкада Конференсияи VII-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид. Дар кори он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Иззатуллои Ҳабибзод, аъзоёни ҲХДТ дар донишкада ва ҳайати васеи кормандону устодон иштирок доштанд. 
Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар давраи аз моҳи январи соли 2015 то моҳи июни соли 2017 шунида шуд. Шукрулло Хайров, муовини ректор оид ба таълим дар бораи фаъолияти КИ ибтидоии номбурда маълумоти пурра дода, қайд намуд, ки шумораи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби устодону донишҷӯёни ватандӯсту фаъол зиёд гардид. Айни ҳол аз рӯи теъдод ташкилоти мо дар ноҳияи Сино калонтарин буда, 1587 нафар аъзо дорад. Аз ин шумора 390 нафарро омӯзгорону кормандон ва боқимонда 1197 нафарро донишҷӯён ташкил медиҳанд.  
Давраи ҳисоботӣ барои КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» марҳилаи пешравии камолот, таҳкими интизоми ҳизбӣ, андухтани малакаву маҳорати корҳои ҳизбӣ ва фаъолияти пурсамар буд. Кумитаи иҷроия дар ин солҳо дар самти роҳандозии ҳадафҳои барномавӣ, иҷрои вазифаҳои ҳизбии аъзоён барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва тақвияти донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, фарҳангию маънавӣ, масъулиятшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, худшиносии ҷавонон дар донишкада як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ гузаронид ва бояд гуфт, ки фаъолияти густурда ва пешрав дошт, гуфт Хайров Ш. 
Дар музокираи ҳисоботи мазкур Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Амрулло Нурализода, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Иззатуллои Ҳабибзод, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино баромад ва фаъолияти яксолаи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии мо ин боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва дар меҳвари худ гирд овардани қувваҳои солимфикр, тақвияти корҳои идеологию сиёсӣ, мусоидат намудан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, таблиғи ғояҳои ҳизб дар байни ҷавонону насли наврас ва сафарбар намудани онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад. 
Зимни суханрониаш Зарина Файзуллозода қайд намуд, ки КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» ташкилоти пешқадам буда, дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Гуфта шуд, ки дар сафи ҳизбиён бояд шахсони воқеан ватандӯсту фидоӣ бештар бошанд.
Аз рӯи масъалаи дуюм ҳайати нави КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино интихоб гардид, ки 13 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин бо сабаби ба кори дигар гузаштани Ашурбой Солеҳзода мавсуф аз раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» бозхонд карда шуда, ба ҷои ӯ ба ин вазифа Давлатзода Қудрат Қамбар интихоб карда шуд.
Аз рӯи масъалаи чоруми конференсия ба Конференсияи 34-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар ҳайати чил нафар вакил аз КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ интихоб гардид.
Дар анҷом, доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.


Машҳура Абдуллоева