Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Ваҳдати миллӣ - поягузори давлати миллӣ

Ваҳдати миллӣ - поягузори давлати миллӣ

Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт 17 июни соли ҷорӣ семинари илмӣ-назариявиро дар мавзӯи мавриди назар баргузор намуд.
Декани факултет Амрулло Нурализода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки аз имзои санади басо муҳимми таърихӣ ва барои миллату давлати мо тақдирсоз, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон расо бист сол сипарӣ шуд. 
Маҳз заҳматҳои пайгирона, бедорхобию азхудгузаштанҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти миллат дар он марҳалаи бениҳоят ҳассос барабас нарафтанд ва халқи сулҳдӯсту тамаддунофари тоҷик ба чунин рӯзҳои нек расид.
Бинобар ин дар остонаи ин рӯзи муборак мо бояд ҳамдигарро самимона табрику шодбош гуфта, аз чунин суботи комилу фазои осудаи кишвари азизамон шукргузорӣ намоем, афзуд Нурализода А.
Сипас Абдулҳошим Аҳадов, намоянда аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат» ибрози андеша кард. 
Таҳлили воқеъбинонаи раванди сулҳофарӣ дар Тоҷикистон ва 20 соли татбиқи бомуваффақонаи андешаи ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушди босуботи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бориз ва марказӣ доштанд. Ҳамчун як Роҳбари мардумӣ ва Пешво сокинони кишварро дар он замон Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, давлат ва миллатро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшиданд. Бинобар ин вақте мо унвони ин шахсияти бузурги таърихиро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат ба забон меорем, ин фақат як унвони расмӣ набуда, он нақши ҳақиқии таърихии ин абармард дар таърихи миллат ва давлатдории миллии моро ифода мекунад, гуфт Абдулҳошим Аҳадов. 
Ҳамчунин ҳуқуқшиноси донишкада Фаридун Мирсаидов дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, зикр сохт, ки расидан ба сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият аст. 
Дар фарҷом зикр гардид, ки мардуми шарифи мо имсол 20 - солагии ин рӯйдоди сарнавиштсози таърихиро дар фазои сулҳу осудагӣ истиқбол мегиранд ва бошад, ки ин санади тақдирсозро солҳои дигар низ мутантан ҷашн бигиранд. 


Хисрав Муҳиддинов