Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Ҳамоиши тараннумгари Ваҳдати миллӣ

Ҳамоиши тараннумгари Ваҳдати миллӣ

Ба ифтихори 20-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон рӯзи 14 июни соли равон дар донишкада маҳфили сиёсию фарҳангӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад Ҷамшед Олимов, сардори бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Иззатуллои Ҳабибзод, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал Шукрулло Хайров, муовини ректор оид ба таълим бо сухани табрикотӣ баромад намуда, афзуд, ки ваҳдати миллӣ ин сулҳу дӯстӣ, оштӣ, ягонагӣ ва якпорчагист. Бешак, асоси пешравӣ ва муваффақиятҳои кишвар ин дар устувории ваҳдати миллист. Роҳи ваҳдат ин роҳи наҷот ва нашъунамост, илова намуд ӯ.
Мавсуф дар бораи хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу оштӣ ва якпорчагии кишвар истода гузашта, қайд кард, ки ваҳдат бузургтарин арзиши миллии мо маҳсуб гардида, ин хизматҳои Пешвои миллат моро ҳамчун миллати сулҳофар ба ҷаҳониён шиносонд. Ваҳдат таҷассумгари якпорчагии кишвар ва якдилии сокинони он буда, мавриди робитаи ҳамдигарӣ ва фатҳи қуллаҳои нав, таконбахши азими талошҳои мост. Бо чунин арзиш мо вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, устувории онро дар муҳити хонавода, маҳалла ва ҷои кор нигаҳ дорем, гуфт дар охир Хайров Ш.
Баъдан Ҷамшед Олимов баромад карда, аҳли нишастро бо ин ҷашни бузург муборакбод гуфт ва дар бораи моҳияти ваҳдати миллӣ ибрози ақида намуда, қайд кард, ки расидан ба сулҳу субот дар миқёси ҷаҳон яке аз проблемаҳои асосӣ маҳсуб меёбад ва барои расидан ба ин ҳадаф дар бисёр мамлакатҳо муборизаҳо рафта истодааст. Устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот орзуи аксари кишварҳои ҷангзада мебошад. Кишвари мо ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти ваҳдат ва ваҳдатофаринӣ дар миқёси ҷаҳон шинохта шуда, метавонад он барои дигар кишварҳо дарси ибрат бошад. 
Ӯ дар бораи дастовардҳои 20 соли Ваҳдати миллӣ истода гузашта, афзуд, ки ваҳдати миллӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ кард ва рушди имрӯзаи иқтисодию иҷтимоии кишвар низ ба устувории ваҳдати миллӣ вобаста аст. Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун муқаддасот ва арзиши миллӣ, ҳамчун зинаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳамчун идеали асосии ҳар як фарди насли ҷавон бояд бошад, гуфт дар охир Олимов Ҷ.
Дар ҳамоиш Иззатуллои Ҳабибзод низ баромад карда, дар бораи арзиши баланд ва омилҳои пойдории Ваҳдати миллӣ сухан кард. 
Дар охир дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ» бо роҳбарии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар бо барномаи ҷолиби консертӣ табъи ҳозиринро болида сохтанд. Дар сурудҳои Мирзозода Манучеҳр ва Нигора Халилова мавзӯи ваҳдати миллӣ тараннум гардид. Ҳамчунин дастаи донишҷӯён дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ ва ҷавонӣ шеърҳо қироат карданд, ки басо таъсирбахш буд.
Навозиши скрипка аз ҷониби Анӯшервони Рустам, донишҷӯи курси 1, факултети молия ва қарз ва най аз тарафи Бекзода Хусрав, донишҷӯи курси 1, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ басо хушу гуворо буд. 
Хуллас, маҳфил ифшогари ваҳдати комили миллӣ ва ҳамбастагии иштирокчиёни он буда, дар рӯҳияи озоду фараҳбахш анҷом пазируфт.


Машҳура Абдуллоева