Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Дар шоҳроҳи рушди устувор

Дар шоҳроҳи рушди устувор

13 июни соли равон дар донишкада тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ вохӯрӣ доир гардид. Онро муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард. Дар чорабинӣ, инчунин Ҳокимхон Вализода, сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Заррина Файзуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва дигарон иштирок доштанд. 
Дар оғоз Раҳматулло Мирбобоев дар бораи моҳияти Ваҳдати миллӣ чанд сухан гуфта, қайд намуд, ки 20 соли Ваҳдати миллӣ ин 20 соли комёбиҳост. 20 сол аст, ки кишвари мо ба шоҳроҳи рушду тараққиёт ва сулҳу салоҳ қадам мезанад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф гирифта, ба минтақаҳои даргир сафар намуда, халқи тоҷикро ба ҳам оварданд. Аз ин хотир, саҳми Сарвари давлат дар устувории ваҳдати миллӣ ва нигоҳдошти он хеле бузург аст. Ваҳдати миллии тоҷикон дар як радиф бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад. Дастовардҳои Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ назаррас буда, дар кулли самтҳо пешравиҳо ба назар мерасад. Зеро ваҳдати миллӣ кафили зиндагии шоиста буда, дар давоми 20 сол лоиҳаҳои азими созандагӣ амалӣ шуданд. Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии худ ва таъмини зиндагии шоиста ба аҳолӣ тамоми кӯшишҳоро равона намуд. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудаанд. Аз ин ҷост, ки модели тоҷикии расидан ба сулҳу оштиро кишварҳои дигар мавриди омӯзиш қарор додаанд. 
Сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимхон Вализода дар мавзӯи «Тоҷикистон - сарзамини ҷавонон» суханронӣ кард. Чӣ тавре ки номбурда афзуд, бо таваҷҷуҳи хос ба насли ҷавон аз тарафи Пешвои миллат соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Аз мулоқоти аввалини Президенти кишвар бо ҷавонон, ки 23-юми майи соли 1997 сурат гирифта буд, расо 20 сол гузашт. Ҷавонон қишри серҳаракат ва ояндасози кишвар буда, таваҷҷуҳи пайвастаи ҳукумату давлат нисбат ба онҳо ҳамарӯза эҳсос мешавад. Эълон шудани Соли ҷавонон ин нишонаи эътимод ба ин қишри ҷомеа буда, дар навбати худ аз ҷавонони саодатманди кишвар масъулият ва ҳисси бештари ватандӯстию худшиносиро талаб мекунад.
Сипас доир ба маърӯзаҳои шунидашуда муҳокимарониҳо сурат гирифт. 


Насрулло Тӯйчизода