Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Навгониҳо дар фаъолияти Маркази такмили ихтисос

Навгониҳо дар фаъолияти Маркази такмили ихтисос

Рӯзи 18-уми май дар Маркази такмили ихтисоси ДМИТ вохӯрии ректори донишкада Давлатзода Қудрат Қамбар бо намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии ҳукумати электронӣ доир гардид.
Нахуст ректор аз саҳми Маркази такмили ихтисоси ДМИТ дар омодасозии мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон суханронӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки бо дастгирии Вазорати молия дар оянда низ кормандони тамоми сохторҳои бахши молиявиро ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ метавонем ҷалб созем. Мутахассисони мо бо таҷрибаи пешқадам ва навгониҳои замон машғулиятҳо гузаронида, баҳри мукаммалсозии донишу малакаи бозомӯзон саҳмгузорӣ менамоянд.
Ба андешаи мавсуф, марказ дар тайёр намудани базаи кадрии ҷумҳурӣ нақши назаррас дорад, аз ин рӯ, бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва техникаю таҷҳизоти лозимӣ ба таълимгирандагон дар таҳкими бахшҳои молия, идоракунии молияи давлатӣ, қарз, молия ва қарз мусоидат намуд. 
Машваратчии идоракунии давлатии Вазорати молия Рустам Бобоев дар навбати хеш изҳор дошт, ки назария аз амалия тафовути зиёд дорад ва тибқи талаботи Вазорати молия бояд мутахассиси ин соҳа, ки дар бахшҳои молиявию муҳосиботӣ фаъолият мебарад, дорои ду сертификати касбӣ бошад, яъне имрӯз зарурати такмили таҷриба ба миён омадааст.
- Дар ҷаҳон 14 стандарти муҳосиботӣ мавҷуд аст ва Маркази тахмили ихтисос шаклҳои нави фаъолияти муҳосиботиро омӯзонида, бояд бо системаи ягона ва штабҳо дар минтақа фаъолияти пурсамар намояд, илова намуд ин мутахассиси вазорат.
Дар интиҳо тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳамкорӣ бо кадрҳои тахассусманд ба донишҷӯён фанни низоми электронии амалиётҳои молиявӣ ба роҳ монда шуда, инчунин марказ бо сервери ягона муҷаҳҳаз гардад, зеро ҳамаи ин дар амалисозии нақшаҳои нав баҳри расидан ба ҳукумати электронӣ мусоидат хоҳад намуд.


Н. Ҷобиров