Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Ахбори мониторинги рушди иқтисодӣ муаррифӣ гардид

Ахбори мониторинги рушди иқтисодӣ муаррифӣ гардид

18 майи соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт бо ташаббуси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ (ИМД), Лот 1» Ахбори мониторинги рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Онро Мачей Мадалинский - мушовир, роҳбари бахши ҳамкории ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Сипас ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён, раиси Кумита доир ба иқтисодиёт, буҷет, молия ва андози Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, ректори ДМИТ Қудрат Давлатзода ва дигарон суханронӣ намуданд.
Изҳор гардид, ки лоиҳаи мазкур дар ДМИТ аз соли 2015 фаъолият карда, аллакай ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Натиҷаи муҳимми фаъолияти гурӯҳҳои кории таҳқиқотии ДМИТ аввалин маротиба дар таърихи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва вазорату идораҳои иқтисодии кишвар нашр намудани Ахбори Маркази ақлҳои донишкада дар бораи мониторинги муфассали рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қисмати 4 Лоиҳаи ИА барои таъсиси маркази таҳлилӣ дар ДМИТ бо дарназардошти фаъолияти лабораторияҳои таҳқиқотӣ ва ҷалби ҳамкорони байналмилалӣ равона гардидааст.
Ректори ДМИТ Давлатзода Қудрат вобаста ба аҳамияти рушди фаъолияти таҳқиқотӣ дар донишкада қайд намуд, ки он ба тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин ба рушди неруи илмии омӯзгорон ва донишҷӯён таҳким хоҳад бахшид. Think Tank – «Маркази ақлҳо»-и ДМИТ имрӯз Ахбори мониторинги рушди иқтисодии Тоҷикистонро, ки он таҳлили солҳои охири ҳаёти иқтисодии кишварро фаро мегирад, муаррифӣ намуд. Ташхиси таҳлилӣ оид ба масъалаҳои  сиёсати иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Баъдан худи тадқиқотчиён баромад карданд. Елена Шарипова - коршиноси лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯи «Воситаи баргузории тадқиқот ва коркарди тавсияҳо дар бахши сиёсати иқтисодии Тоҷикистон», Зокир Хушмуҳаммадзода - тадқиқотчии Think Tank дар мавзӯи «Сохтори ММД ва рушди иқтисодии Тоҷикистон», Хушбахт Ахмедов - тадқиқотчии Think Tank аз ДМИТ дар мавзӯи «Молияи давлатӣ – динамикаи даромад ва хараҷоти буҷет дар солҳои охир», Азима Раҳимова, тадқиқотчии Think Tank аз ДМИТ бо мавзӯи «Сохтори бонкии Тоҷикистон - санҷиши вазъият ва тавсияҳо барои рушди оянда» баромад намуданд.
Ҳамин тавр, диққати иштирокчиён ба чунин самтҳо, ба монанди баҳои вазъи иқтисодии кишвар, тавсияҳо барои суръатбахшии рушди иқтисодӣ, таҳкими низоми бонкӣ ва гузаронидани сиёсати пайгиронаи андозу буҷетӣ равона карда шуд. 
Пас аз анҷоми ҳар як баромаду маърӯзаҳо мубоҳисаҳо сурат гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки нашри дуюми мониторинги рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устувор барои таъсиси Маркази воқеии таҳлилӣ бо мақсади пешниҳоди механизми машварати сиёсӣ ба Ҳукумат мебошад. 


Насрулло Тӯйчизода