Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Ҳимояи пешакии корҳои хатмкунӣ

Ҳимояи пешакии корҳои хатмкунӣ

Аз санаи 10 апрел то 5 майи соли равон мутобиқи нақшаи тасдиқгардида дар кафедраи таҳлили иқтисодӣ дар назди комиссияи таъсисдодашуда ҳимояи пешакии корҳои хатмкунии донишҷӯёни тахассуси кафедра гузаронида шуд.
Дар он декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Фирӯз Насриддинов, мудири кафераи таҳлили иқтисодӣ Бадриддин Музаффаров ва эдвайзер оид ба таълими факултет Сунатулло Нуриддинов иштирок карданд.
Дар натиҷа, аз 31 нафар хатмкунанда кори 30 нафар ба талаботи кори хатмкунӣ ҷавобгӯ дониста шуда, ба ҳимоя дар назди комиссияи аттестатсионии хатм тавсия дода шуд.


н.и.и., дотсент Музаффаров Б.С.
Мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ