Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Тақвияти ҳамкориҳои ДМИТ бо донишгоҳҳои Фаронса

Тақвияти ҳамкориҳои ДМИТ бо донишгоҳҳои Фаронса

16.05.2017. Имрӯз дар сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуйдар бо муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Давлатзода Қудрат ва ҳайати устодони ин донишкада, ки чанде пеш бо сафари омӯзишӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои Фаронса дидан карда буданд, вохӯрӣ доир намуд.
Сафири Фаронса хонум Ясмин Гуйдар бо муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён перомуни масъалаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Фаронса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди молия ибрози андеша намуданд. 
Ҳамчунин сафир хонум Ясмин Гуйдар дар вохӯрӣ бо ректори ДМИТ Давлатзода Қудрат бобати тақвият додани рушду ҳамкориҳои ДМИТ бо донишгоҳҳои Фаронса изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Ректори донишкада Давлатзода Қудрат низ дар навбати хеш ба сафир пешниҳод намуд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони ДМИТ кушодани курсҳои омӯзишии забони фаронсавӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. 
Дар анҷоми вохӯрӣ як гурӯҳ устодони донишкада, ки чанде пеш бо сафари омӯзишӣ ба давлати Фаронса рафта буданд, аз таассуроти бардоштаи худ аз ин сафар ибрози андеша намуданд.


Хисрав Муҳиддинов