Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Рӯзҳои маорифи Қазоқистон дар Душанбе

Рӯзҳои маорифи Қазоқистон дар Душанбе

15-16-уми майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҷамъияти саҳомии Маркази барномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Ярмарка-намоишгоҳи «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Н.Сейтимов, ноиби раиси ҶС Маркази барномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Қазоқистон З. Торибекова, ректори ДСРТ Н.Салихов ва ректори Донишгоҳи тиббии Қазоқистон- «ВШОЗ» Г. Токмурзиева баромад карданд.
Чӣ тавре, ки Р.Мирбобоев қайд намуд, ярмарка-намоишгоҳи мактабҳои олии Қазоқистон аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон гузаронида мешавад ва он барои ба роҳ мондани рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф байни Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамояд.
Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 20 донишгоҳи пешсафи Қазоқистон, ба монанди «Донишгоҳи Назарбоев», «Донишгоҳи НАРХОЗ», Донишгоҳи АлмаУ, Донишгоҳи Алма-ата ва дигарон муаррифӣ гардиданд, ки ДМИТ бо онҳо созишномаи ҳамкориро ба имзо расонида, бисёр барномаҳоро амалӣ гардонида истодааст. Аз ҷумла донишҷӯёни мо дар Қазоқистон тибқи барномаҳои табодулӣ таҳсил менамоянд. 
Чорабинии мазкур доир ба таҳсилот дар Қазоқистон маълумоти бештар гирифтан ва имконияти тавсеаи ҳамкориҳои макотиби олии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Қазоқистон мусоидат менамояд.


Шуъбаи  робитаҳои  байналмилалии  ДМИТ