Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Мусобиқаҳои варзишӣ дар ДМИТ

Мусобиқаҳои варзишӣ дар ДМИТ

Ба муносибати Соли ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили футболи хурд, шоҳмот ва волейбол гузаронида шуд. Даври ниҳоии ин бозиҳо дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 14 май баргузор гардид.
Зимни кушодашавии бозиҳои варзишӣ ректори ДМИТ Давлатзода Қудрат иштирокчиён ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои оммавигардонии варзиш ба чунин мусобиқаҳои варзишӣ бештар ҷалб гарданд. 
Дар чорабиниҳои варзишӣ дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав,  Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва инчунин коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ қувваозмоӣ намуданд. 
Рафти бозиҳои варзишӣ аз ҷониби доварони ботаҷриба назорат ва баҳогузорӣ карда шуданд. Дар фарҷом дастаҳои ғолиб аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.


Хуршед Насриддинов, раиси иттифоқи касабаи ДМИТ