Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Барномаи нав барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ

Барномаи нав барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ

Санаи 15 майи соли равон кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт маҳфили илмии донишҷӯёнро дар мавзӯи «Нақши барномасозии С++ ва татбиқи он дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ» баргузор намуд.
Маҳфилро мудири кафедра София Темурбекова оғоз намуда, зикр сохт, ки гузаронидани чунин маҳфилҳои илмӣ ба нафъи донишҷӯён хоҳад буд, зеро онҳо дастовард ва ихтирооти худро пешкаши мо месозанд.  
Дар маҳфил А. Ҷенмуратов, донишҷӯи курси 3 бо роҳбарии ассистенти кафедра И. Ҳалимов барномаи коркарди нақши барномасозии С++ ва татбиқи онро дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ таҳия ва пешкаш намуд. Барномаи мазкур универсалӣ буда, барои осон ва қулай намудани ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ пешбинӣ шудааст. Дар барнома тамоми масъалаҳои матеметикӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ ворид карда шудааст, ки дар ҳолати зарурӣ ба таври автоматӣ кор кардани дилхоҳ масъалаҳои иқтисодию математикӣ нишон дода мешавад. 
Дар фарҷом дар атрофи барнома мубоҳиса сурат гирифт. 


Хисрав Муҳиддинов