Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Дастоварди навбатии донишҷӯён

Дастоварди навбатии донишҷӯён

4 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бахшида ба Соли ҷавонон конференсияи байнидонишгоҳии донишҷӯён дар мавзӯи «Ҷавонон ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» баргузор гардид. Дар конференсия донишҷӯёни зиёд аз макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Донишҷӯён коркардҳои худро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ пешкаш намуда, маҳорати худро дар сохтани барномаҳои гуногун ва кор бо забонҳои гуногуни барномасозиро нишон доданд. Конференсия дар якҷоягӣ бо ширкати «ХУАВЕЙ»-и дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ташкил карда шуд. Аз тарафи ширкати «ХУАВЕЙ» барои лоиҳаҳо ва коркардҳои беҳтарин туҳфаҳо тақдим гардиданд. 
Дар ин конфронс ду нафар донишҷӯёни мо - Латипов Акмал ва Юсуфиён Шаҳрбону, донишҷӯёни курси 1-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо лоиҳаи «Шабакаи иҷтимоӣ бемории асри XXI» баромад карда, сазовори ҷойи 4-юм гардиданд.


Умар Воҳидов,
муовини декан оид ба илм ва инноватсия