Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Иқтисодиёти ниҳонӣ ҳамчун хатари иқтисодӣ

Иқтисодиёти ниҳонӣ ҳамчун хатари иқтисодӣ

Бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён дар кафедраи назарияи иқтисодӣ маҳфили илмӣ зери унвони «Иқтисодчиёни ҷавон» бо роҳбарии ассистенти кафедра С. Рофизода фаъолият мекунад, ки рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар мавзӯи мавриди назар баргузор гардид. 
Дар маҳфил донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, паҳлӯҳои гуногуни мавзӯи матраҳгардидаро муҳокима намуданд.
Аз ҷумла Бахтовар Бекназаров, донишҷӯи курси 1, факултети молия ва қарз дар мавзӯи «Иқтисодиёти ниҳонӣ ва хусусиятҳои он», Салоҳиддин Солиев, донишҷӯи курси 1, факултети молия ва қарз дар мавзӯи «Иқтисодиёти ниҳонӣ» ва Р. Тураев, донишҷӯи курси 1, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар мавзӯи «Иқтисодиёти пинҳонӣ ва зарари он ба иқтисоди миллӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.
Дар фарҷом миёни ҳозирин мубоҳиса сурат гирифт.


Ҷаҳонгир Негматов,
устоди кафедра