Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Зиракии сиёсӣ баҳри мубориза бо терроризм

Зиракии сиёсӣ баҳри мубориза бо терроризм

Рӯзи 10-уми майи соли равон вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» бо донишҷӯёни ДМИТ баргузор гардид.
Вохӯриро сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Давлатзода Абдулло оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳадафи ин вохӯрӣ баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, густариши маърифати зеҳниву сиёсии ҷавонон ва ҳамчунин пешгирии зуҳуроти номатлуб мебошад. 
Сипас корманди Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД, лейтенанти калони милитсия Акобир Саидов дар мавзӯи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, бахусус терроризму экстремизм ва нашъамандӣ сухан ронда, зикр кард, ки авзои сиёсиву низомии ҷаҳон торафт шадидтар шуда, масъалаҳое ба монанди терроризму экстремизм ва нашъамандӣ вусъати тоза касб намудааст. Ягона неруе, ки метавонад дар муқобили ин мушкилот қарор гирад, бедориву зиракӣ ва донишмандии ҷавонон мебошад.
Ҳамчунин роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» Мардихудо Давлатов доир ба баланд бардоштани ҳисси милливу хештаншиносӣ, густариши маърифати зеҳниву сиёсии ҷавонон, пешгирии насли ҷавон аз ҷинояткорӣ сухан намуда, зикр кард, ки бо вуҷуди чораҳои зиёди андешидашуда дар самти баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносиву меҳанпарастии ҷавонон ва пешгирии онҳо аз ҷинояткорӣ ҳанӯз ҳам ин масъалаҳо дар ҳолати баррасӣ қарор доранд. Заминаи аслии ин ташвишҳо бошад, сатҳи пасти маърифати зеҳнӣ, ҳуқуқиву сиёсии мардум, бахусус ҷавонон мебошад ва ҷавонони моро мебояд, ки дар ин росто масъулияти бештар ҳис намоянд.
Дар интиҳои вохӯрӣ суҳбату мунозираи озод сурат гирифт.


Фаридун Сафолов