Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Ташаккули фарҳанги маънавии ҷомеа

Ташаккули фарҳанги маънавии ҷомеа

Дар ҳамин мавзўъ рўзи 10 майи соли ҷорӣ маҳфили илмиву назариявии «Фарҳангдўст» доир гардида, дар он масъалаҳои рушди фарҳанги иҷтимоию сиёсӣ ва мадании ҷомеа баррасӣ шуд.
Зимни оғози маҳфил профессор Ғуломҷон Мирзоев, қайд намуд, ки фарҳанги маънавии инсон аз унсурҳои созмонёфта ташаккул меёбад. Унсурҳои мазкур баргирифта аз маданияти шаҳрнишинӣ, маданияти сиёсӣ, ҳаёти маънавӣ, ҳуқуқӣ, забоншиносӣ, шакли шуури динӣ ва ҳамаи он чизе, ки ба ҳаёти маънавӣ тааллуқ дорад, ангезаҳои ташаккулёбандаи маданият ё худ фарҳанги ҷомеавӣ маҳсуб меёбад. Инсон қобилияти фарогирию маърифатии ҳамаи онҳоро надорад. Фарҳангу маънавиёт ҳудуд надорад. Ташаккули фарҳанги маънавӣ тамоми соҳаҳои фаъолияти эҷодӣ ва маданиро дар бар мегирад.
Меҳмони маҳфил Комил Бекзода, номзади илмҳои фалсафа зимни баромадаш зикр кард, ки фарҳанг осмони маънавист ва ранги покӣ хокистарӣ мебошад. Инсони фарҳангӣ чӣ гуна шинохта мешавад? Инсони фарҳангӣ бо рафтор, кирдор, дониш ва тафаккураш шинохта мешавад.
Имрўз аврупоиён дар фаъолияти эҷодиашон танҳо дар мавриди худашон суҳбат мекунанд. Онҳо дастоварди худашонро маҳак ва ченаки арзиши илмӣ медонанд ва таҷрибаҳои илмиашонро тақдими ҳаводорони фарҳангу маънавиёт мекунанд. Мо дар сари масъалаҳои ҷузъӣ - маҳал, мазҳаб, урфу одат ва ғайра ихтилофи назар дорем. Вақти он фаро расидааст, ки зиёиёни мо дар ин маврид таҷдиди назар ва бознигарӣ карда, дар ин бобат андешаронӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар миёни оммаи мардум намоянд. 
Дар фарҷом мубоҳиса миёни меҳмони маҳфил ва иштирокчиён сурат гирифт. 


Ҳасан Бойназаров, 
устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ