Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хабарҳо

Шуҷоати қаҳрамонони ҷанг дарси ибрат аст

Шуҷоати қаҳрамонони ҷанг дарси ибрат аст

Бахшида ба Рӯзи ғалаба ва Соли ҷавонон бо ташаббуси факултети молия ва қарз рӯзи 8 майи соли равон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд» гузаронида шуд, ки дар он сармутахассиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфуддини Гулаҳмад, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Муллоҷонов А. ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Онро декани факултет Шералиев Э.Н. ҳусни оғоз бахшида, дар бораи бузургии нақши тоҷикон дар ғалабаи ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 истода гузашт. 
Сипас Сайфуддини Гулаҳмад дар суханрониаш дар бораи қаҳрамониҳои тоҷикон дар солҳои ин ҷанг ёдовар шуда, қайд намуд, ки шуҷоату корнамоии қаҳрамонони ҷанг барои имрӯзиён дарси ибрат ва матонат аст. Ӯ дар бораи қадршиносии иштирокчиёни Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат аз тарафи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас шуда, донишҷӯёнро ба хондану дӯст доштани ватан ҳидоят кард. 
Баъдан донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.