Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Китобхона

Mahmad150.jpg

                         Суроға:  

734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14
Директори китобхонаи  илмии  донишкада:
Юнусов Абдуқаюм 

                                                                                                                                                                         Телефон:

                                                                                                                                                                          (+99237) 884-24-57


                                                                                                                                                                                                                      E-mail:

a.yunusov@feit.tj















Фаъолияти  китобхонаи  илмии  донишкада,  дар  асоси санадҳои  меъёрӣ  ҳуқуқӣ.
 


Китобхонаи илмии Донишкада фаъолияти кории худро тибқи «Низомномаи китобхонаи илмии ДМИТ», «Низомнома дар бораи сохтори китобхонаи илмии ДМИТ, вазифаҳои хидматии кормандони он», ки дар Шўрои олимони донишкада аз «18» сентябри соли 2012 ва  “Дастурамали вазифавии директори китобхонаи илмӣ”  аз  1 сентябри соли 2016 тасдиқ  карда  шудааст,  ба  роҳ  мондааст. Ҳамчунин фаъолияти китобхона аз тарафи Шӯрои методии китобхона назорат карда шуда, раиси Шӯрои методӣ ё ҷонишини ў дар ҷамъбасти соли таҳсил дар Шӯрои Олимони донишкада аз кори яксолаи китобхона ҳисобот медиҳад.
Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2005, таҳти № 501, ки оид ба консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, хеле хуб дарҷ гардидааст: «Китобхона тарғибгари асосии афкори илмӣ, бадеӣ ва хазинаи ҳама гуна шаклҳо ва жанрҳои иттилоотӣ ба шумор меравад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди китобу китобхонӣ чунин ибрози ақида намудаанд: «Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».
 



Маълумот дар бораи ҷойгиршавӣ  ва  ҳайати кории китобхонаи илмии  донишкада:

 
Дар донишкада айни  ҳол китобхонаи илмӣ ва  китобхонаи электронӣ фаъолият менамоянд. Зикр  кардан  бамаврид аст, ки китобхонаи илмӣ барои тарбияи мутахассисони соҳибунвон нақши ҳалкунанда мебозад.  Дар китобхона 9 нафар кормандон:  директор,  2 нафар китобдори калон, 3  нафар китобдор  1 нафар китобшинос ва 2 нафар  сармутахасиси  китобхонаи электронӣ  кору  фаъолият доранд,  ки  имрўз бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида  шудааст. Зикр  кардан  бомаврид аст, ки китобхонаи  илмӣ барои тарбияи мутахассисони соҳибунвон нақши ҳалкунанда мебозад. 
Бо кўмак ва дастгирии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо соли 2016  ба китобхонаи илмӣ   таҷҳизотҳои нави замонавӣ аз ҷумла: 36 рафи китобгузорӣ, 20 мизи корӣ, 100 курсӣ барои нишаст, 3 мизи корӣ барои насби компютерҳо оиди барномаи картотекӣ, 2 рафи корӣ барои намоиши китобҳо, 3 аробача барои кашонидани китобҳо ва 2 мизи кории нави замонавӣ барои фаъолияти кормандон  насб карда шудааст, ки  боз ҳам рўҳияи  кормандон ва хонандагонро баланд мебардорад. Ба ғайр аз ин боз аз ҳисоби лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо зиёда аз 1600 дона китобҳои нави соҳаи иқтисодӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ барои гурўҳҳои забони англисӣ таҳсилкунанда тақдим карда шудааст. 
Дар китобхонаҳои  илмӣ ва ҳам электронӣ барномаи махсуси картотекӣ Delphy-lib насб карда шудааст, ки имрўз донишҷў метавонад ба воситаи ин барнома адабиёти даркории худро ба осонӣ дастрас намояд.
 





Маълумоти мухтасар  дар бораи миқдори адабиётҳои  китобхона:

 
Фонди умумии китобхонаи  илмии  донишкадаро  зиёда  аз  95600     нусха  китоб  ташкил  медиҳад.  
Аз ин миқдор, онҳо аз чунин шаклҳо: 36897 нусха китобҳои таълимӣ, 33458 нусха китобҳои тахассусӣ, 14189 нусха китобҳои илмӣ, 6638 нусха китобҳои бадеӣ, зиёда аз 4451 нусха дастуру барномаҳо, 7 нусха рисолаи илмӣ ва зиёда аз 70 нусха фишурдаи рисола (автореферат) - ҳо иборат мебошад.
Китобхонаи илмии донишкада дорои толорҳои хониш ҳам дар китобхонаи илмӣ ва электронӣ буда, ба 160 ҷои нишаст мутобиқ гардонида шудааст.
 





Маълумот дар бораи китобхонаи электронии донишкада: 


Дар китобхонаи электронии донишкада зиёда аз 550 ҳазор нусха китобҳо ҷамъ оварда шудааст. Дар китобхонаи электронӣ барои хизмат расонидан 56 ҷои нишаст муҳаё карда шуда айни ҳол барои хизматрасонӣ ба хонандагон 39 адад компютер насб карда шудааст, ки 10 тои он ба шабакаи интернет пайваст карда шуда омодаи кор ва хизматрасонӣ мебошад.
Донишҷўён тавассути компютерҳои китобхонаи электронӣ, ки ба шабакаи интернет пайваст карда шудаанд, метавонанд аз китобхонаи виртуалӣ низ истифода баранд.
Дар соли ҷорӣ барои ҷалби аъзоёни китобхонаи электронӣ бо дастгирии раёсати донишкада як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз тарафи кормандони китобхона варақаи аъзогӣ ҳам барои устодон ва ҳам барои донишҷуён ташкил карда шуда зиёда аз 500 нафар устодон ва донишҷуён ба руйхат гирифта шудаанд, ки айни ҳол аз хизматрасонии китобхонаи электронӣ истифода бурда истодаанд.
 





Мониторинги миёнаи моҳонаи давомоти донишҷуён дар китобхонаи донишкада;

 

Донишҷуён новобаста аз он, ки дар кадом бинои таълимӣ таҳсил менамоянд, аз китобхонаи донишкада адабиётҳои лозимии худро дастрас менамоянд. Ин нишондиҳандаҳо далолат аз он медиҳанд, ки дар ҳолати аз  кор рафтан ё ба  рухсатии  меҳнатӣ  баромадан,  дар   варақаи гардишӣ (обходной лист) номи  китобхона  ба инобат  гирифта шавад ва  бо имзою муҳри    китобхона қабул карда шавад.Чунки  ин  амал  барои  сари  вақт  ҷамъ овардани  адабиётҳои  китобхона,  ки  дербоз  дар  дасти  хонанда  мебошад,  кумак  мерасонад.  

      

Мониторинги  миёнаи  моҳонаи  гирдгардиши  китобҳо дар семоҳаи авали соли 2017 чунин аст:

Мониторинги миёнаи моҳонаи  давомоти донишҷуён дар китобхонаи илмии  донишкада дар  давраи  аввали   соли  таҳсили  2017  чунин  натиҷа  дод. Миқдори  умумии  аъзоён-хонандагон  ба  китобхонаи  илмӣ ва электронии донишкада ва мониторинги  миёнаи  моҳонаи  гирдгардиши  адабиётҳо  дар авали соли таҳсили 2017


                                                                                                     

№ т/т

Китобхона

Донишҷӯён

Омӯзгорон  ва кормандон

Ҷамъи хонандаҳо

Гардиши китобҳо   (дар  давоми моҳ) ва омаду рафт дар китоб. электронӣ

1

Китобхонаи   илмӣ

2172

455

2627

157620

2

Китобхонаи  электронӣ

661

100

761

198  нафар

Ҳамагӣ

2833

550

3388

157818



 

Чорабиниҳои дар китобхонаи илмии донишкада баргузоргардида ва ширкати кормандони китобхона чорабиниҳои берун аз донишкада

дар давоми солҳои 2015-2016 ва семоҳаи авали 2017


         Бо  вуҷуди  ҳамаи  ин  маълумотҳои додашуда, ҳаминро  қайд  кардан  лозим аст, ки аз  тарафи китобхонаи  илмии  донишкада дар давоми  соли  2015 чорабини оиди савдои  китоб  аз  ҳисоби  Палатаи  савдои  китоб  ташкил ва гузаронида  шуд.Инчунин  дар  соли  2015    намоишгоҳ бахшида ба «Рузи ҷавонон, ки дар Маҷмааи Давлатии Шаршара»-и пойтахт  баргузор  гардид, ки  китобхонаи илмии  донишкада  бо  намоиши  китобҳо  иштирок   намуд.

  Ба ғайр аз ин кормандони  китобхона дар санаи 6-8-уми майи соли 2015 дар рузи баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар  донишкада  бо иштироки муовини  сарвазир, вазири  маориф  ва  илмии  ҷумҳурӣ  ва муовинони  ў, ректорони ҳамаи  донишгоҳу  донишкадаҳо  ва  дигар  меҳмонон,   инчунин дар рўзи конференсияи  илмӣ-назариявии  апрелӣ  низ дар  донишкада ва  дигар  конфронсҳои  ҷумҳуриявӣ,  мизи  муддаварҳо   бо  намоиши китобҳо  фаъолона  иштирок  намуданд.

 Бо  вуҷуди  ҳамаи  ин  маълумотҳои додашуда, ҳаминро  қайд  кардан  лозим аст, ки китобхонаи илмии донишкада дар ҳамаи конференсияҳо, мизи мудавварҳо ва конференсияи илмӣ-назариявии апрелии соли 2016 бо намоиши китобҳои тозанашри олимони донишкада ва берунӣ  иштирок намуд. Дар таърихи 5-уми ноябри  соли  2016 бо супориши раёсати донишкада китобхонаи  илмии  донишкада бо намоиши  китобҳо ва дигар маводҳо дар Донишгоҳи славянӣ-русии Тоҷикистон  иштирок намуд.

Дар  семоҳаи аввали соли  2017  бошад  китобхонаи  илмии  донишкада  дар  ҳамаи  мизи  муддаварҳо, конференсияҳои  донишкадавӣ  ва  ҷумҳуриявӣ,  аз  ҷумла  конференсияи  илмӣ-назарявии  донишкада  дар  моҳи  апрели  соли  ҷорӣ  бо  намоиши  китобҳои  нав  ва  тахассусии  соҳавӣ  иштирок  намуд.

 Афзун намудани фонди китобхона, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, баланд бардоштани истеъдоди касбии кормандон ва пешниҳоди навъҳои нави хизматрасонӣ барои хонандагон  ва ба ин маркази фарҳангӣ ҷалб намудани шумораи бештари хонандагон  мебошад. Бе монеа дастрас намудани  маълумоти зарурии соҳаҳои гуногун ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа  имконоти зарурӣ фароҳам меорад. Ин ҳадаф бо роҳи ташкили хуби кори китобхонаҳо, ҷорӣ намудани технoлогияи замонавии электронӣ, коркард, ҷустуҷўю нигаҳдории маълумот ва инчунин табодули он аз тариқи васоити телекоммуникатсионии муосир ба даст меояд.

Китобхонаи илмии донишкада бо китобхонаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”–и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шуъбаи кор бо китобхонаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон робитаро пурзур намуда, ҳамкорӣ карда  истодааст.

 

МАЪМУРИЯТИ  КИТОБХОНАИ  ИЛМӢ.