Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Факултетҳо

Маълумот дар бораи факултет


FacHVO.jpgДонишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муттаҳид шудани муассисаи давлатии таълимӣ «Донишкадаи молияи Тоҷикистон» ва муассисаи давлатии таълимӣ «Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон» таҳти № 227 аз 11 майи соли 2012 таъсис дода шудааст. Дар сохтори нави Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон факултети ««Ҳисобдорӣ ва омор»» бо қарори Шӯрои олимони донишкада таҳти №1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст.


Бояд қайд кард, ки аз рузҳои аввал ба факултети навтаъсиси «Ҳисобдорӣ ва омор» таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Насриддинов Фирузҷон Бобоевич чор кафедраҳои тахассусӣ «Баҳисобгирии муҳосибӣ», «Таҳлили иқтисодӣ», «Омор» ва «Аудит ва ревизия» вобаста карда шудааст. Боиси қаноатмандист, ки кафедраи баҳисобгирии муҳосибиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Пираков Рустам Музаффарович, кафедраи оморро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Буриева Мастура, кафедраи таҳлили иқтисодиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Музаффаров Бадриддин ва кафедраи аудит ва ревизияро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Орзуев Парвизҷон Ҷамолиддинович ба ӯҳда доранд.


Қисмати асосии фаъолияти факултети «Ҳисобдорӣ ва омор» аз тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ба шумор рафта, ҷараёни таълиму тарбия ҳам дар шӯбаи таҳсили рӯзона ва ҳам дар шӯъбаи таҳсили ғоибона аз руи ду низом, яъне низоми таҳсили анъанавӣ ва низоми таҳсили кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Низоми кредитӣ низоми аврупоии таҳсилот ба ҳисоб рафта, ин гуна шакли таълим дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон маъруф мебошад ва донишҷу метавонад дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳои мамлакатҳои Аврупо аз руи ин низомтаҳсил намояд ва дар ҳолати интиқол шудани он бамакотиби олии дигар давлат бе мамоният таҳсили худро идома диҳад.


Дар факултети мазкур бо таълиму тарбияи донишҷӯён устодони варзида, аз ҷумла 3 нафар профессорон докторони илм, 9 нафар дотсентон номзадҳои илм, 23 нафар устодони калон ва 8 нафар ассистентон машғул мебошанд. Бояд қайд кард, ки факултети «Ҳисобдорӣ ва омор» бо устодони унвондор ба ҳиссаи 27,9 % таъмин карда шудааст. Аз ҷумла кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит 19,2 %, кафедраи омор 37,5 % ва кафедраи таҳлили иқтисодӣ 44,4 % бо устодони унвондор таъмин мебошанд.


Дар факултети ««Ҳисобдорӣ ва омор»» имруз аз рӯи ихтисоси 1-25010801 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо,1-25010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муасисаҳои буҷети ва илмӣ»,1-25010804ҳисобибухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар ташкилотҳои тиҷоратӣ, 1-25010805- баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат,1-25010814 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар робитаҳои хориҷӣ,1-25010201 - иқтисодиёти таҳлилӣва ихтисоси 1-25010500– омор дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ шӯъбаи рузона ва ғоибона донишҷӯён таҳсил намуда, кадрҳо барои хоҷагии халқ бо дараҷаи малумоти олӣ-бакалавр, олӣ-мутахассис (маълумоти олии дуюм) тайёр карда мешаванд. Соли ҷорӣ бо ташаббуси бевоситаи раёсати донишкада дар факултет қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудитба магистратура ба роҳ монда шуда, то имруз аз ҳисоби донишҷӯёни лаёқатманд 18 нафар қабул гардидаанд.


Мавриди қайд аст, ки дар факултети мазкур ҳаммагӣ 1321 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, аз ҷумла 713 нафар дар шӯъбаи таҳсили рӯзона ва 608 нафар дар шӯъбаи таҳсили ғоибона. Дар шӯъбаи таҳсили рӯзонаи низоми кредитӣ дар 25 гуруҳи академӣ 599 нафар ва дар 6 гуруҳи академӣ низоми анъанавӣ 114 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Дар 9 гуруҳи академии шӯъбаи таҳсили ғоибонаи низоми кредитӣ 287 нафар ва дар 7 гуруҳи академӣ низоми анъанавӣ 321 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Бояд қайд кард, ки дар факултети ««Ҳисобдорӣ ва омор»» дар шӯъбаи таҳсили рӯзона 101 нафар ва шӯъбаи таҳсили ғоибона 216 нафар духтарбачагон таҳсил менамоянд. Дар баробари ин дар шӯъбаи таҳсили рӯзона 267 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 434 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ ва дар шӯъбаи ғоибона 33 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 574 нафар дар донишҷӯён дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил карда истодаанд. Боиси хурсандист, ки дар шӯъбаи рузонаи факултети ««Ҳисобдорӣ ва омор»» 4 нафар писар, 8 нафар духтарбачагон ва дар шӯъбаи ғоибона 1 нафар духтар тибқи квотаи Президенти таҳсил карда истодаанд. Боиси хурсандист, ки дар факултет инчунин дар асоси бурсияҳои таҳсилии Созишномаҳои байниҳукуматӣ ва супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-25010814 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар робитаҳои хориҷӣ 3 нафар шаҳрвандони тоҷиктабори Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил мекунанд.


Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ин ҷузъи ҷудонашаванда ва пешбарандаи даргоҳи илму-марифат ба ҳисоб меравад. Дар факултети «Ҳисобдорӣ ва омор» корҳои илмӣ-тақиқотӣ дар асоси ва чорчубаи мавзӯи умумии «Баҳисобгири ва таҳлили омории нишондиҳандаҳои рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди кушод» ба роҳ монда шуда, аз се қисмат иборат мебошад, аз ҷумла: - Масъалаҳои ислоҳоти ҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисобот мувофиқи СБҲМ, аудити дохили ва берунӣ дар муассисаҳои давлатӣ; -Андозагирии таъсирбахшии омилҳо ба устувории рушдииқтисодӣ; -Муаммоҳои таъминоти бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон; иборат мебошанд. Дар факултети мазкур«Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон», ки аз ҳисоби устодони то синни 35 сола ташкил карда шудааст, ҳар моҳа як маротиба ҷамъ шуда, оиди ин ё он мавзуҳои мубрами руз мутолеа менамоянд. Инчунин дар факултет «Ҷамъияти илмии донишҷӯён» фаъолият менамояд, ки аз ду махфили илмӣ-мубоҳисавӣ «Ба қуллаҳои илм» ва «Пайроҳаи зиндагӣ» иборат аст. Мавриди қайд аст, ки ба махфили илмӣ-мубоҳисавӣ «Ба қуллаҳои илм» танҳо донишҷӯёни номнавис карда мешаванд, ки бо баҳои аъло ва хуб таҳсил менамоянд. Инчунин дар назди кафедраҳои тахассусӣ, ки ба сохтори факултет зертобеъ мебошанд махфилҳои илмӣ-мубоҳисавӣ «ҳисобдорони ҷавон», «оморчиёни ҷавон» ва «таҳлилгарони ҷавон» фаъолият менамоянд, ки ба онҳо ҳамчун мураббӣ аз ҳисоби устодони ҷавони ояндадор таъин гардидаанд. Мавриди қайд аст, ки дар факултет ба созмонҳои донишҷӯён диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуда, донишҷӯён берун аз дарс ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда мешаванд. Бештар донишҷӯён бо корҳои ҷамъиятӣ дар созмони ҷавонон, шӯрои сардорон, шӯрои бонувон, созмони иттифоқи касабаи донишҷӯён, қисми фарҳанг ва варзиш машғул мебошанд, ки роҳбарии бевоситаи ин созмонҳоро аз зумраи донишҷӯёни аълохон ва фаъол ба ӯҳда доранд. Дар самаранок фаъолият намудани созмонҳои номбурда бештар заҳмати Шӯрои кураторон, ки аз 30 нафар устод иборат мебошанд хело ҳам назаррас аст.


Боиси хурсандист, ки дар факултет маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси раёсати донишкада барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ҳаммаи шароитҳо муҳайё карда шудааст. Мавриди қайд аст, ки дар факултет 4-то синфхонаҳои махсуси замонавӣ мавҷуд буда, бо воситаҳои техникӣ ва копютерҳои муосир таҷҳизонида шудааст. Онҳо бо 56-то компютер, 4-то проектор, 3-то тахтаи электронӣ, 1-то сканер ва 1-то принтер таҷҳизонида шуда, бо шабақаи байналмиллалии интернет пайваст карда шудаанд. Дар синфхонаҳои мазкур донишҷӯён аз «Информатика», «1-С муҳосибот» ва дигар фанҳои таълимӣ аз рӯи барномаҳои махсус таълим гирифта дарс меомӯзанд.