Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Оиннома

ОИННОМАИ

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ 

ДОНИШКАДАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ

ТОҶИКИСТОН


I. Муқаррароти умумӣ


1.1. Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №227 аз 11 майи соли 2012 бо роҳи муттаҳидсозии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

1.2.  Муассиси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (минбаъд Муассис) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

1.3. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (минбаъд Донишкада) муассисаи давлатии таҳсилоти олии  касбӣ буда, барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, маълумоти иловагии олии касбӣ, такмили ихтисос ва корҳои илмӣ-тадқиқотиро амалӣ месозад.

1.4. Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (минбаъд Оиннома)  мутобиқи  Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

1.5. Донишкада дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф», санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаи мушовараи Вазорати молия, инчунин дастурур супоришҳои роҳбарияти Вазорат ва ҳамин Оинномаро  ба роҳбарӣ  мегирад.

1.6. Донишкада шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси  мустақил, суратҳисоби ягонаи ҷорӣ бо асъори миллӣ дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо Нишони давлатӣ, сабти номи худ бо забони давлатию русӣ, бланка ва штампҳо  мебошад ва коргузории худро тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Донишкада метавонад дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон cуратҳисоби худро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ кушояд ва инчунин тибқи тартиби муқарраргардида маблағҳои озоди махсуси худро дар  бонкҳо ҳамчун депозит ҷойгир намояд.

1.7. Фаъолияти асосии Донишкада аз самтҳои зерин иборат аст:

амалӣ сохтани барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз рӯйи номгӯи васеи ихтисосҳо;

тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳибкасби соҳаи молияву иқтисод, кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;

тайёр намудани  довталабон ба мактабҳои олӣ;

пешбурди  тадқиқотҳо дар соҳаи илмҳои амалӣ ва бунёдӣ;

амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ-истеҳсолӣ, молиявию хоҷагидорӣ, таблиғотӣ (реклама) ва нашриётӣ. 

1.8. Номи расмии Донишкада чунин аст:

- ба забони давлатӣ: Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

- ба забони русӣ: Финансово-экономический институт Таджикистана 

-ба забони англисӣ: The Finance and Economics Institutе of Tajikistan

Номи мухтасари Донишкада чунин аст:

ба забони давлатӣ: ДМИТ 

- ба забони русӣ: ФЭИТ

- ба забони англисӣ: FEIТ

1.9. Суроғаи ҳуқуқии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон: 734067, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14, Телефон: (992-37)-231-02-01, (992-37)-231-08-37. E-mail: feit@mail.ru

1.10. Донишкада ба хатмкунандагон намунаи давлатии  ҳуҷҷатро дар бораи маълумоти муайян бо Нишони  Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.


2. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Донишкада


2.1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин фаъолияти Донишкадаро танзим мекунанд: 

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм, маориф ва сиёсати ҷавонон;

дастурамалҳо, қарорҳои ҷаласаи мушовара, дастуру супоришҳо ва фармоишҳои Вазири молия ва Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм, маориф ва тайёркунии кадрҳои дорои таҳсилоти олӣ, тахассуси илмӣ ва  илмӣ-педагогӣ;

қарорҳои Шӯрои олимони Донишкада.


3. Вазифаҳои асосӣ ва ӯҳдадориҳои Донишкада


3.1. Вазифаҳои асосии Донишкада иборат аст  аз:

қонеъ гардонидани талаботи шахс  дар  инкишофи зеҳнӣ,  фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ ба воситаи гирифтани таҳсилоти олии касбӣ  ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

инкишоф додани  илм дар заминаи пешбурди тадқиқоти илмӣ  ва фаъолияти эҷодии  кормандони  илмию омӯзгорӣ ва таҳсилкунандагон, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда  дар  ҷараёни  таълим  ва  истеҳсолот; 

омӯзиш,  бозомӯзӣ ва  такмили тахассуси кормандони дорои  таҳсилоти  олии касбӣ ва  кормандони  илмию омӯзгории  баландихтисос;  

дар  донишҷӯён инкишоф  додани худшиносии миллӣ,  ифтихори  ватандорӣ,  шаъну  шарафи  шаҳрвандӣ  ва қобилияти корию фаъолияти донишҷӯён  дар  шароити  муосири  ҷаҳонишавӣ;  

ҳифз  ва  афзун  намудани арзишҳои  миллӣ,  ахлоқӣ, фарҳангӣ, илмӣ  ва  анъанаҳои  кишвар; 

таҳкими  сатҳи  арзишҳои  маънавии шаҳрвандон,  такмили  савияи таҳсилот ва  фарҳанги  онҳо; 

таъмини шароити мусоид ҷиҳати ташкил ва гузаронидани  таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ; 

иҷро намудани  дигар вазифаҳое, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд.


4. Сохтор ва тартиби идоракунии Донишкада


4.1. Донишкада сохтори худро дар мувофиқа бо Муассис муайян менамояд. Дар сохтори Донишкада филиалҳо, коллеҷҳо, литсейҳо, нуқтаҳои таълимию-машваратии минтақавӣ, факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳои таълимӣ, илмию-тадқиқотӣ, методӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, маъмурию идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва ғайра метавонанд таъсис дода шаванд. Номгӯи сохторҳои таркибӣ бо қарори Шӯрои олимон муайян ва дар мувофиқа бо Муассис аз тарафи ректори Донишкада тасдиқ карда мешавад.

4.2. Ваколат ва вазифаҳои сохторҳои таркибии Донишкада, аз он ҷумла филиалҳо, коллеҷҳо, нуқтаҳои таълимию машваратӣ дар асоси  Низомномаҳои марбутаи аз ҷониби ректори Донишкада тасдиқгардида муайян карда мешаванд.

4.3. Сохторҳои таркибии Донишкада метавонанд ба воситаи ваколатнома пурра ва қисман масъулияти шахси ҳуқуқиро дошта бошанд, ки дар Оинномаи мазкур пешбинӣ шудааст.

4.4. Таъсис, табдил ва барҳам додани сохторҳои таркибӣ аз тарафи  Донишкада дар мувофиқа бо Муассис ба роҳ монда шуда, вобаста ба ин ба Оинномаи мазкур тағйиротҳо ворид карда мешавад.

4.5. Донишкада мутобиқи тартиби муқар¬рар¬намудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, қоидаи тартиботи дохилии меҳнатӣ, шартномаҳои коллективӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ идора карда мешавад. 

4.6. Мақомоти идоракунандаи Донишкада инҳоянд:

      Шӯрои олимон;

      Ректор;

4.7. Шӯрои олимони Донишкада дар ҳайати ректор (раис), муовинон, деканҳои факултетҳо ва директорони воҳидҳои таркибӣ, мудирони воҳидҳои асосӣ ва кормандони дигари илмию омӯзгорӣ ташкил карда мешавад. Ректори Донишкада метавонад дар мавридҳои зарурӣ вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ҳайат ва миқдори аъзои Шӯрои олимонро тағйир диҳад. 

Ташкили бевоситаи фаъолияти Шӯрои олимони Донишкада ба зиммаи котиби илмии он гузошта мешавад. Ректор котиби илмии Шӯрои олимонро аз ҷумлаи аъзоёни Шӯрои олимон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

4.8. Тартиби кори Шӯрои олимон мувофиқи Низомномаи Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  амалӣ карда мешавад.

4.9. Шакли асосии фаъолияти Шӯрои олимон ҷаласаи он дониста мешавад. Ҷаласаҳои Шӯрои олимон ҳамон вақт фаъолият мекунанд, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои олимон ҳузур дошта бошанд. 

Қарори ҷаласаи Шӯрои олимон ҳамон вақт ҳуқуқи амалӣ шуданро пайдо мекунад, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои олимони дар ҷаласа ҳузур дошта, овоз диҳанд. 

4.10. Ваколатҳои Шӯрои олимон:

доир ба ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Оинномаи Донишкада таклифҳо пешниҳод менамояд;

масъалаҳои асосиро доир ба амалӣ намудани ташкили фаъолияти таълимӣ, илмию методӣ,  таълимию тарбиявӣ, илмию тадқиқотӣ ва ғайраро дар самти  тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ муайян менамояд. Аз ҷумла, номгӯи  ихтисосҳо, курсҳои омӯхташаванда ва шумораи онҳо, шаклҳои назорати дониши донишҷӯён, вақти ягонаи оғоз ва анҷоми давраҳои таҳсил (семестрҳо)-и таълимиро муайян мекунад;

масъалаҳои такмили идора ва сохтори Донишкада, аз ҷумла, ташкил (барҳамдиҳӣ)-и марказҳо, пажӯҳишгоҳҳо, факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳо, лабораторияҳо ва дигар ҷузъҳои таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро баррасӣ менамояд;

масъалаҳои асосии инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишкадаро ҳаллу фасл менамояд;

ҷадвали воҳидҳои корӣ (штатҳои корӣ)-ро баррасӣ намуда, низоми пардохти музди меҳнатро дар мувофиқа бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон қабул намуда, барои тасдиқ ба Муассис пешниҳод менамояд; 

тибқи тартиби муқарраргардида имтиёзҳои дохилиро барои ишғол намудани вазифаҳои дотсент, профессор ва дигар кормандони илмию таълимӣ муқаррар ва татбиқ мекунад;

тибқи тартиби муқарраргардида низомномаи Донишкадаро оид ба фаъолияти илмӣ ва аттестатсия тасдиқ мекунад;

тибқи тартиби муқарраргардида магистратура, аспирантура ва докторантура таъсис медиҳад; 

тибқи тартиби муқарраргардида, шӯъбаҳо, намояндагиҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои нав боз менамояд;

нақшаҳои дурнамо ва мавзӯи пажӯҳишҳои илмиро баррасӣ намуда, тасдиқ менамояд;

тибқи тартиби муқарраргардида низомномаи эътидоли вазифаҳои вакантии ҳайати профессорону омӯзгоронро тасдиқ мекунад;

тибқи тартиби муқарраргардида бо пешниҳоди ректор масъалаи пеш аз мӯҳлат аз вазифа озод намудани мудири кафедраро баррасӣ менамояд;

комиссияи тафтишотиро интихоб,  низомнома ва ҳисоботи онро тасдиқ мекунад;

интихоби довталабонро ба тариқи озмун барои ишғоли вазифаҳои вакантии ҳайати профессорону омӯзгорон амалӣ мекунад.

масъалаҳои тайёр намудан,  такмили ихтисос ва ҳавасмандкунии кадрҳоро баррасӣ намуда, барои дохил шудан ба аспирантура, докторантура ва гузаронидани омӯзгорон ба вазифаи ходими илмӣ ва анҷоми рисолаҳои докторӣ тавсияҳо медиҳад;

ҳайат ва хулосаи қарори комиссияҳо ва шӯроҳои доимию муваққатан амалкунандаро тасдиқ мекунад;

масъалаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба салоҳияти он мансуб намудааст, ҳал менамояд.

4.11. Ректори Донишкада: 

Ректори Донишкада аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Муассис ба вазифа таъин ва  озод карда мешавад.

4.12. Ректор барои ҳалли масъалаҳои фаврӣ метавонад раёсат (ректорат)-и Донишкадаро ташкил намояд. 

Шакли асосии фаъолияти раёсати Донишкада гузаронидани ҷаласаҳо ба шумор меравад. Ҷаласаҳои раёсат вобаста ба зарурати корӣ аз тарафи ректори Донишкада даъват карда мешавад. 

4.13. Вазифа ва ваколатҳои ректори Донишкада:

ба Шӯрои олимони Донишкада дар бораи ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Оиннома, инчунин аз нав таҳрир кардани он таклифҳо пешниҳод менамояд;

аз номи Донишкада амал карда, манфиатҳои онро дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, бонкҳо ва дар назди ашхоси алоҳида ҳимоя мекунад;

амвол ва маблағҳои пулии Донишкадаро идора намуда, масъул мебошад;

омӯзгорону кормандонро ба Донишкада тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

дар  доираи ваколати хеш фармону амрҳо мебарорад, ки барои ҳамаи  ҳайати шахсии Донишкада ҳатмӣ мебошад; 

дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории мавҷуда сохтор ва воҳидҳои кории Донишкадаро тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ  менамояд ва барҳам медиҳад;

қоида ва низомномаҳои сохторҳои таркибии Донишкадаро тасдиқ менамояд;

муовинон ва сармуҳосибро ба Муассис барои ба вазифа таъин ва озод намудан пешниҳод менамояд;

декани факултетҳоро дар мувофиқа бо Муассис тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва озод менамояд;

роҳбарони воҳидҳои таркибӣ ва маъмурии хоҷагиро тибқи қарордод ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

кори ректоратро ташкил карда, ба он роҳбарӣ мекунад;

Шӯрои олимони Донишкадаро ташкил  ва роҳбарӣ мекунад;

ба Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили Шӯроҳои диссертатсионӣ дар назди Донишкада дархост пешниҳод менамояд;

қабул, хатм, хориҷ, барқарор ва интиқол намудани донишҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳоро амалӣ мекунад; 

ҳисоботи солонаи Донишкадаро ҳамасола ба Муассис, Вазорати маориф ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

ваколатҳои дигарро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи  мазкур амалӣ менамояд.

4.14. Декан фаъолияти факултетро роҳбарӣ менамояд.  

4.15. Декан вазифадор аст:

корҳои таълимӣ-методӣ, ташкилӣ-методӣ, тарбиявӣ ва илмиро дар факултет роҳбарӣ кунад;

иҷрои нақшаҳо, барномаҳо ва ҷадвали ҷараёни таълимиро таъмин намояд;

иҷрои ҷадвали машғулиятҳои таълимиро назорат намояд;

чорабиниҳо оид ба ташкили ҷараёни таълим, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисонро баррасӣ ва амалӣ намояд;

ба ректор таклифҳо дар бораи гузаронидани донишҷӯён аз курс ба курс, ба онҳо додани рухсатии академӣ, нақшаҳои инфиродӣ, хориҷ ва барқарор пешниҳод манзур намояд;

чорабиниҳоро оид ба беҳдошти шароити зисту маишӣ, моддӣ ва  саломатии донишҷӯён баррасӣ ва амалӣ намояд;

якҷоя бо кумитаи иттифоқи касаба ва созмони ҷавонон масъалаи ҷудо намудани ордерҳоро барои ҳуқуқи зист дар хобгоҳ ҳаллу фасл намояд;

ҳал намудани дигар масоили дар салоҳияти ӯ буда мувофиқи Оинномаи мазкур ва Низомнома дар бораи факултет, ки онро ректор тасдиқ намудааст.

меъёрҳои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишкадаро дар амал татбиқ намояд. 

4.16. Дар факултет таҳти роҳбарии декан Шӯрои олимони факултет ташкил карда мешавад. Тартиби ташкил ва ваколати Шӯрои олимони факултет мувофиқи Низомномаи Шӯрои олимони факултети  Донишкада муайян карда  мешавад. 

4.17.  Ишғол намудани ҳамаи вазифаҳои кормандони илмӣ-педагогӣ дар Донишкада, ба истиснои вазифаи мудири кафедра мувофиқи шартномаи меҳнатӣ, ки ба мӯҳлати то панҷ сол  баста мешавад, сурат мегирад. Ҳангоми ишғоли вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ пеш аз имзои шартномаи меҳнатӣ озмун гузаронида мешавад.

4.18. Фаъолияти кафедра ва мудири он тавассути Низомномаи кафедраи  Донишкада, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, танзим карда мешавад.

4.19. Донишкада пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи татбиқ намудани  нақша ва барномаҳои таълимӣ ва имтиёзҳоро мутобиқи қонунгузорӣ амалӣ менамояд.


5. Салоҳияти Донишкада


5.1. Донишкада дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

Донишкада ҳуқуқи мустақилона интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ба роҳ мондани фаъолияти таълимию илмӣ, тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидорӣ буда, амвол ва маблағҳояшро тибқи қонунгузории ҷорию ҳамин Оиннома соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ мекунад;

қоидаҳои қабулро аз рӯйи  ҳамаи  шаклҳои таҳсил муқаррар мекунад, донишҷӯён, аспирантон ва докторантонро қабул, хориҷ,  барқарор мекунад ва аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таҳсил ба шакли дигар мегузаронад;

мундариҷаи раванди таҳсилро вобаста ба ҳар як  ихтисос (тахассус) муайян  мекунад, мӯҳлати азхудкунии барномаҳои таълимии миёнаи касбӣ, олӣ ва баъд аз мактаби олиро оид ба маълумоти касбӣ  (аз он ҷумла барои шахсоне, ки сатҳи таҳсилот ва қобилияташон барои таълим аз рӯйи барномаҳои кӯтоҳмуддат кифоя аст) муайян менамояд;

нақшаҳои қабулро вобаста ба ҳамаи ихтисосҳо ва тахассусҳо, шаклҳои таҳсил, ки тибқи иҷозатнома муайян шудааст, тартиб медиҳад;

бо шахсони ҳуқуқиву воқеӣ оид ба тайёр намудан ва бозомӯзии  мутахассисон ва кормандони илмӣ-педагогӣ бо назардошти пардохти  харҷҳои таҳсилашон шартномаҳо мебандад;

бо тартиби муқарраршуда Шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ  таъсис медиҳад;

тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба сифати иштирокчӣ дар объектҳои хоҷагидорӣ, муассисаҳои илмӣ ва ғайра баромад кунад;

ба сохторҳои таркибии Донишкада, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд, метавонад пурра ё қисман ваколати шахси ҳуқуқиро диҳад, аз он ҷумла бо доштани тавозун ва суратҳисоб. Суратҳисоб тавассути        Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад;

мувофиқи  талаботи Донишкада ҷадвали вазифавӣ  тартиб медиҳад;  

мустақилона шакл ва низоми пардохти музди меҳнат, ҳаҷми музди иловагӣ,  мукофотпулӣ ва дигар шаклҳои ҳавасмандкунии моддӣ, ҳамчунин  андозаи маоши ҳамаи категорияҳои кормандони Донишкадаро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

мустақилона дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фондҳои ҳимояи иҷтимоии донишҷӯён, кормандон ва собиқадорон, такмили ихтисоси кормандони Донишкада, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил намуда, ҳаҷми пардохтҳоро ба ин фондҳо муайян месозад.

ассосиатсияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ ва байналхалқиро дар системаи таҳсилоти касбии миёна, олӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил медиҳад ва ё ба онҳо аъзо мешавад.


6. Тавсифи асосии раванди таҳсил дар Донишкада


6.1. Раванди таҳсил дар Донишкада дар асоси нақшаҳои таълимӣ (бо назардошти мундариҷаи барномаҳои таълимии курсҳо, фанҳо ва солҳои таҳсил), нақшаҳои тақвимии солона ва  ҷадвали дарс, ки мустақилона  мураттаб ва  тасдиқ мегарданд,  ба роҳ монда мешавад.

6.2. Нақшаҳои таълимӣ, ҷадвалҳо ва барномаҳо мувофики талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва инчунин дархости супоришдиҳандагон таҳия ва амалӣ гардонида мешаванд. 

6.3. Раванди таълиму тарбия дар Донишкада бо забонҳои  давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

6.4.Мӯҳлати таҳсил дар Донишкада тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»  чунин муқаррар карда шудааст:

барои дарёфти тахассуси  (дараҷаи) «бакалавр»-на камтар аз чор сол;  

барои дарёфти тахассуси «мутахассис»-на камтар аз панҷ сол 

барои  дарёфти тахассуси (дараҷаи) «магистр»- ду сол;

6.5. Соли хониш дар Донишкада  давраҳои зеринро дар бар мегирад: барои шакли таҳсили рӯзона ва ғойибона - аз 1 сентябр то 31 август, дар шӯъбаи аспирантура аз 1 январ то 31 декабр, дар шӯъбаҳои тайёрӣ ва такмили ихтисоси роҳбарон ва мутахассисон - мувофики ҷадвалҳои раванди таҳсил.

6.6. Реҷаи машғулиятҳои донишҷӯён тибқи нақшаҳои таълимӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилии  Донишкада муайян  карда мешавад.

6.7. Муносибати Донишкада, сохторҳои таркибии он бо донишҷӯён тибқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷорӣ, фармон ва дастурҳои роҳбарияти Донишкада, сохторҳои таркибии он, қоидаҳои тартиботи дохилӣ, коидаҳои зист дар хобгоҳ ба роҳ монда  мешавад.   


7. Ҳадафҳои раванди таълим, татбиқи барномаҳои таълимӣ ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ


7.1. Донишкада ҷараёни таълим ва тадқиқотҳои илмиро мутобиқи Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ташкил мекунад ва онро барои расидан ба ҳадафҳои зерин равона месозад:

ҷавобгӯй будани сифати таҳсилоти олии касбӣ  ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ;

фароҳам овардани фазои ягонаи таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

фароҳам овардани замина барои баҳодиҳии объективона ба фаъолияти Донишкада дар самти татбиқи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ; 

эътироф ва таъмини эквивалентнокӣ (баробарарзишӣ)-и ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ  оид ба  таҳсилоти  олии касбӣ ва таҳсилоти  касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

7.2. Донишкада:

мутахассисонро аз рӯйи барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ тайёр мекунад;

кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогиро аз рӯйи барномаҳои бакалавр, мутахассис ва магистр тайёр мекунад;

такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисонро аз рӯйи барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ таъмин менамояд;

7.3. Ба шахсе, ки барномаи таҳсилоти олии касбиро пурра аз худ накардааст, маълумотномаи академӣ тибқи қоидаҳои тасдиқшуда дода мешавад.

7.6.  Дар Донишкада барномаҳои таълимӣ метавонанд дар шакли таҳсили  рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ аз худ карда шаванд.

7.7.  Раванди таҳсил дар Донишкада дар як вақт  бо тадқиқотҳои илмӣ ташкил карда мешавад.




8. Ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳои таълим ва фаъолияти илмӣ


8.1. Дар Донишкада вазифаҳои кормандони илмию педагогӣ,  муҳандисию техникӣ, маъмурию хоҷагӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёрирасон ва ғайра пешбинӣ мешаванд.

8.2. Ба ҳайати профессорону омӯзгорон мансабҳои декани факултет, мудири кафедра, мудири озмоишгоҳ, вазифаҳои профессор, дотсент, муаллими калон, муаллим, ассистент мансубанд.

8.3. Ба Донишкада ба кор қабул кардани кормандони илмию омӯзгорӣ мутобиқи шартномаи меҳнатӣ амалӣ карда мешавад. Пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ кормандони илмию омӯзгорӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз озмун мегузаранд. 

8.4. Мудири кафедраи Донишкада дар асоси озмун интихоб мешавад. 


9. Қабул ба Донишкада ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои 

донишҷӯёну шунавандагон, аспирантон, докторантон ва кормандон


9.1. Қабул ба Донишкада мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ карда мешавад.

        9.2. Дар Донишкада донишҷӯёну шунавандагон, аспиранту унвонҷӯён докторантҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва  кормандони дигар он ҳуқуқу ӯҳдадориҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар намудаст, доро мебошанд.


10. Фаъолияти молиявию хоҷагидории Донишкада


10.1. Маблағгузорӣ ва фаъолияти Донишкада аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсус, грантҳо ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

10.2. Муассис бо мақсади таъмини фаъолияти таълимии дар ин Оиннома пешбинишуда биною иншоот, комплексҳои таълимӣ, амвол, таҷҳизот ва ҳамчунин дигар амволи зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идораи фаврӣ ба Донишкада вобаста менамояд.

10.3. Донишкада  ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани маблағу амвол ва дигар намудҳои моликиятеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барояш тӯҳфа намудаанд, ба тариқи хайрия додаанд ё худ мерос мондаанд, самараи меҳнати зеҳнӣ ва эҷодкориро, ки натиҷаи фаъолияти устодони Донишкада мебошад ва ҳамчунин даромади фаъолияти худ аз истифодаи ин объектҳоро дорад.

10.4. Донишкада воситаҳои пулӣ, дороӣ ва иншооте, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли инъом ё васиятнома, натиҷаи заҳмати зеҳнӣ, даромади аз ҳисоби фурӯши мол ва хизмат ба даст оварда, ки маҳсули коргоҳҳо ва ҷузъҳои онанд, ҳамчунин васоите, ки аз фаъолияти ҳисоби хоҷагӣ дар кори тайёр ва аз нав тайёркунии мутахассисон ба даст меоянд,   мустақилона ихтиёрдорӣ менамояд.

10.5. Донишкада мувофиқи  тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ   ҳуқуқ дорад ба сифати иҷорагир ва ё иҷорадиҳанда баромад намояд. 

10.6. Сарчашмаҳои ташаккули амволи Донишкада ва маблағгузории фаъолияти он  иборат аст, аз:

моликияти Муассис, ки бемӯҳлат бо мақсади идораи фаврӣ ба Донишкада дода шудааст;

маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои фаъолияти молиявии Донишкада  ҷудо гардидааст;

ҳиссагузории корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои  илмию таҷрибавӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ, ки  дар тобеияти Донишкада мебошанд;

даромадҳое, ки аз амалӣ намудани шаклҳои гуногуни фаъолияти Донишкада ба даст меояд; 

аъзоҳаққиҳои мақсаднок ва васоити фармоишдиҳандагон ва дигар сарпарастон, ки барои тайёр ва бозомӯзии  мутахассисон равона шудааст, хайрияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла, ҳамкорони хориҷӣ;

даромад аз истифодаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, хоҷагӣ ва ғайраҳо, инчунин аз истифодаи обектҳои аз ҳисоби онҳо мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба даст омадааст.

10.7. Тибқи тартиби муқарраргардида Донишкада ҳамчунин ҳуқуқ дорад ба ҷуз нақшаи қабули донишҷӯён, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, донишҷӯёнро тариқи шартномавӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор бо пардохти ҳаққи таҳсил ба тариқи инфиродӣ ва аз ашхоси ҳуқуқӣ қабул намояд. Донишкада дар ҳалли шартномаҳо, таъини ӯҳдадориҳо ва дигар мавридҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур нестанд, соҳибихтиёр аст.

Донишкада дар истифодаи даромад ва амволе, ки дар натиҷаи ин фаъолият ба даст меояд, соҳибихтиёр аст. Даромади мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мавриди истифода қарор мегирад.  

10.8. Аз даромади холисе, ки пас аз пардохтҳои мавриди назар дар ихтиёри Донишкада боқӣ мемонад, маблағҳои махсус ташкил мешаванд.

Тартиби ташкил ва истифодаи маблағҳои махсус тибқи тартиботи  муқарраршуда  амалӣ мегарданд. 

10.9. Донишкада ба таври мустақим дар назди Муассис, мақомоти молия, андоз, мақомоти омор ва дигар мақомоти давлатӣ  тибқи қоидаҳои амалкунанда ҳисобот медиҳад.

10.10. Донишкада масъалаҳои бастани шартномаро барои амалӣ намудани фаъолияти таълимии пулакӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мустақилона ҳал менамояд. 

10.11. Донишкада ҳуқуқ дорад, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои гуногун, аз ҷумла, бо  иштироки ташкилот, корхонаҳо, ашхоси ҷамъиятӣ ва дигар шахсон ташкил намояд, дар таъсис додани фондҳои оинномавии ҷамъиятҳои саҳомӣ бо истифода намудани воситаҳои молию пулие, ки дар ҳуқуқи идоракунии фаврии он мебошанд, дар мувофиқа бо Муассис ба сифати саҳм дар бунёди оинномавии онҳо ширкат варзад.

10.12. Донишкада бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияташ, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии амволӣ метавонад дар асоси шартнома иттиҳодияҳои ғайритиҷоратиро дар шакли ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо таъсис диҳад. 

10.13. Донишкада чун аъзои ассотсиатсияҳои низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мустақилият ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқии худро нигоҳ медорад, аз рӯйи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсия пешбинишуда  масъулияти субсидиарӣ дорад.

11. Ҳамкориҳои байналхалқии Донишкада


11.1. Донишкада ҳуқуқи иштирок дар ҳамкориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро соҳиб мебошад, аз он чумла:

дар барномаҳои дутарафа ва бисёртарафаи мубодилаи донишҷӯён, аспирантон,  кормандони педагогӣ  ва илмӣ  иштирок менамояд;

дар гузаронидани тадқиқотҳои методӣ,  илмӣ,  инчунин дар конгрессҳо,  конференсияҳо,  симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо ширкат меварзад;

дар барномаҳои байналхалқии такмили таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иштирок мекунад.

11.2.  Тайёр намудан,  бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ-тадқиқотии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз марзи кишвар  дар асоси шартномаҳое, ки Донишкада бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии  хориҷӣ  бастааст,  ба роҳ монда мешавад.

11.3. Донишкада тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти берунмарзӣ,  ки ба иҷрои вазифаҳои Донишкада, инчунин инкишофи робитаҳои байналхалқии он равона шудаанд,  ҳуқуқ дорад.

11.4. Ҳамкории байналмилалии Донишкада дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷии давлат ба ҳамшарикии ҳақиқӣ, эътимоду боварии тарафайн ва ба шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ асос меёбад.

11.5. Маблағҳои пулӣ ва дигар дороиҳое, ки Донишкада аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меоварад, моликияти Донишкада буда, ба он ҳуқуқи ихтиёрдории пурра дорад ва ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун мусодира кардани он манъ аст. Ин маблағ барои рушди Донишкада, музди меҳнати кормандон ва пойдор сохтани заминаи моддию техникии он истифода мешавад.



12. Масъулияти Донишкада


12.1. Донишкада тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст:

барои  иҷрои вазифаҳое,  ки ба салоҳияти вай дохиланд;

барои амалӣ сохтани барномаҳои таълимӣ мутобиқи нақшаҳои таълимӣ ва ҷадвали раванди таълим;

барои сифатнокии сатҳи таҳсилоти хатмкунандагон;

барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои донишҷӯён ва кормандони Донишкада;

барои сатҳи тахассуснокии ҳайати профессорону устодон ва кормандон.


13. Тартиби барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии Донишкада


13.1. Азнавташкилдиҳии Донишкада бо дархости Муассис дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

13.2. Донишкада аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифтани он таъсисгардида дониста шуда, аз рӯзи гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро амалӣ гардонад ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ баҳравар гардад.

13.3. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Донишкада бо тартиби муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.