Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Забони тоҷикӣ ва русӣ

Рахмонов Мадислом Мадисоевич

Мудири кафедра

Раҳмонов Мадислом Мадисоевич

номзади илмҳои филология, дотсент


Кабинет: Бинои таълимии III

Утоқ: 1

E-mail: m.rakhmonov@feit.tj

Маълумот: Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб

Фанҳои таълимӣ: Забони русӣ, Забони тоҷикӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Кафедраи забони тоҷикӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи забони  русӣ нахуст кафедраи забонҳо ном дошта, ба ҳайси кафедраи умумидонишкадавӣ дар собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ шинохта мешуд. Рисолати роҳбарии кафедраро профессор Асозода Х. ба зимма дошт. Зери роҳбарии ӯ кафедра 5 сол фаъолият кард.Дар кафедра забоншиносони  шинохта ифои вазифа мекарданд. Амсоли доктори илми филология, шодравон М.Файзов, доктори илми филология А.Кӯчаров, доктори илми филология Д. Хоҷаев, номзади илми филология  Анварӣ С. ва дигарон. Дар ин давра кафедра барандаи се фанни таълимӣ: забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ буд. Аслонова Н.Н.-номзади илми  филология  як сол кафедраро роҳбарӣ кардааст (2006) (алҳол профессори кафедра аст) ва баъдан бо ихтиёри худ рисолати роҳбариро қатъ кард. Дар соли мазкур дотсент, номзади илми филология Раҳмонов М.М. ба ҳайси роҳбари кафедра пазируфта шуд ва то ҳол роҳбарии кафедраро ба ӯҳда дорад. 

Бояд ёдовар шуд, ки кафедра тӯли фаъолияташ дар тарбияи кадрҳои илмӣ нақши бузург дорад.  Мирзоева Шарофат соли 2004 (дар бахши фолклор), Аслонова Наргис соли 2004 (дар бахши адабиёти муосир), Қурбонов Ҳаким 2005 (дар бахши филология),

Восиева Рухшона соли 2007 (дар бахши адабиёти классикӣ), Эшонҷонова Лутфия соли 2009 (дар бахши педагогика) рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Ахмедова Зулфия 2011 (дар бахши педагогика). 

Кафедраи забони тоҷикӣ якҷоя бо кафедраи забони русӣ  (феврали) соли 2011 дар заминаи кафедраҳои забонҳои собиқ Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва собиқ Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Кафедраи забони тоҷикӣ ва русӣ ҳайсияти умумидонишкадавӣ доштанд. Аз рӯйи номи кафедра маълум аст, ки   кафедра барандаи  ду фанни таълимӣ буд. Солҳои хониши 2011-2012,  2012-2013 тадриси фанни  забони тоҷикиро Раҳмонов М.М., Собирҷонов С., Сироҷов М., Сафаров С., Аслонова Н., Мирзоева Ш.,Ахмедова З., Қурбонов Ҳ., Гулов Ш., Асоева Б.  ба зимма доштанд.