Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Забони тоҷикӣ ва русӣ

Кодирова Бунавшамох Азизуллоевна

Мудири кафедра

Қодирова Бунавшамоҳ Азизуллоевна


Кабинет: 103

E-mail: b.qodirova@feit.tj

Маълумот: Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кулоб

Фанҳои таълимӣ: Забони русӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Педагогика

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Ташаккули шавқу рағбати донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии иқтисодии Тоҷикистон дар омӯзиши фанни забони русӣ.

Нашрияҳои асосӣ: 1. Китоби дарсӣ аз фанни забони русӣ барои донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологӣ. 2. Дафтари корӣ аз фанни забони русӣ барои корҳои мустақилона. 3. Озмоиши лингвистикӣ дар амалияи омӯзиши синтаксис. 4. Омӯзиш дар якҷоягӣ бо донишҷӯ. 5. Омӯзиши забони русӣ ҳамчун манбаи рушди касбии донишҷӯён дар муассисаҳои олии таълимии ғайрифилологии ҶТ. 6. Забони адабии муосири русӣ-забони насли муосир. 7. Психологияи азхудкунии имло ва услубҳои омӯзиши он. 8. Оила-рукни асосии ҷамъият. 9. Истифодаи ибораҳои рехта дар дарсҳои забони русӣ бо мақсади тарбия ва рушди нутқи донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ғайрифилологӣ. 10. Баланд бардоштани ҳавасмандгардонии донишҷӯён барои омӯзиши забони русӣ бо роҳу услубҳои кори ғайрианъанавӣ.- Паёми ДМТ- 2016. 11. Бозиҳои нақшофарӣ ҳамчун воситаи тарбияи шавқу рағбати донишҷӯ нисбати омӯзиши забони русӣ.-Паёми ДМТ- 2016. 12. Мафҳумҳои асосии одоби муошират ҳангоми таълим ва тадриси забони русӣ дар гурӯҳҳои тоҷикии факултетҳои ғайрифилологӣ. 13. Меъёрҳои забони адабии русӣ. 14. Мушкилоти ҳавасангезӣ ва нақши он дар тарбияи шавқу рағбати донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии иқтисодии Тоҷикистон нисбати омӯзиши фанни забони русӣ.- Паёми ДМТ- 2016. 15. Таҳқиқ ва таълими забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 16. Нақши ҳавасангезӣ дар ташаккули шавқу рағбати донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии иқтисодӣ нисбати омузиши фанни забони русӣ.- Паёми ДМТ- 2017. 17. Шавқу рағбат нисбати омӯзиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 18. Соли 2017-соли Ҷавонони Тоҷикистон. Сиёсати давлатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19. Ҳолат ва омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вестник-ТНУ, 2016. 20. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавонон.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ РУСӢ


Моҳи сентябри соли 2016 кафедраи забони русӣ бо фармоиши ректори ДМИТ таҳти № 179/14 аз кафедраи забони тоҷикӣ ҷудо карда шуд ва айни замон дар алоҳидагӣ кор ва фаъолият карда истодааст. Фанни асосии кафедра забони русӣ мебошад ва он ба донишҷӯёни тамоми ихтисосҳо дар ҳаҷми 4 кредит (барои 1 кредит 24 соат) омузонида мешавад. Кафедраи забони русӣ то ҷудо шудан дар якҷоягӣ бо кафедраи забони тоҷикӣ амал мекард ва устодони фанни забони русӣ дар баланд бардоштани савияи дониш, арзишманд намудани раванди таълиму тарбия саҳми босазои худро мегузоштанд ва ин анъана давоми мантиқии худро дар фаъолияти кафедраи забони русӣ дар алоҳидагӣ ёфта истодааст.