Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Забони хориҷӣ

Туйгунов Носир Хакбердиевич

Мудири кафедра

Туйғунов Носир Ҳақбердиевич

Номзади илмҳои филологӣ, дотсент


Кабинет: 406

E-mail: n.tuygunov@feit.tj

Маълумот: Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Забони англисӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Таҳлили сохтори-маъноии истилоҳоти иқтисодӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Таҳлили муқоисавӣ-маъноии лексикаи ифодагари узвҳои бадан дар заминаи асарҳои С.Айнӣ

Нашрияҳои асосӣ: Грамматикаи забони англисӣ, Худро бисанҷ-дастури тестӣ, Луғати англисӣ-тоҷикии синонимҳо, Муҳовараи англисӣ-тоҷикӣ-русӣ, Муҳовараи англисӣ-русӣ-тоҷикӣ-арабӣ, Роҳнамои донишҷӯ, Саволномаи тестӣ.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ КАФЕДРАИ «ЗАБОНИ ХОРИҶӢ»

Кафедраи забони хориҷӣ (англисӣ) мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Точикистон, № 41/4 аз 11-уми майи соли 2012-ум ҳамчун кафедраи умумидонишкадавӣ таъсис ёфтааст. Мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ, дотсент Туйғунов Н.Ҳ Кафедраи забони хориҷӣ (англисӣ) таълими фанни забони англисиро ба ӯҳда гирифтааст. Кафедраи мазкур дар тайёр намудани мутахассисони маълумоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосхои иктисодӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Кафедраи забони англисӣ чун кафедраи мустақил дар заминаи кафедраи забонҳо моҳи сентябри соли 2012 таъсис ёфтааст. Дар кафедра 22 нафар устодон кор мекунанд, ки аз онҳо 3- нафар номзади илм, 8- нафар устоди калон мебошанд. Забони англисӣ дар Донишкада аз рӯи ихтисос ва умумӣ омӯзонида мешавад. Дар кафедра шӯрои илми-методӣ амал менамояд ва устодон бо маърӯзаҳои методии худ баромад менамоянд ва аз таҷрибаи якдигар бархурдор мегарданд. Инчунин устодон бо кори илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар конфронсҳои илмӣ-ҷумҳуриявӣ ва мизҳои мудаввар бо маърӯзаҳои илмии худ баромад менамоянд. Дар назди кафедра маҳфил бо номи «Knowing English is knowing the world» фаъолият дорад. Дар махфил донишҷӯёни фаъоли Донишкада, ки дар як маврид аъзоёни дастаи олимпӣ дар назди кафедра мебошанд, бо маърӯзаҳои гуногуни худ баромад менамоянд. Бахшида ба санаҳои гуногуни таърихӣ шабнишинӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида мешавад. Яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи кафедра ин бо маводҳои таълимӣ таъмин кардани донишҷӯён мебошад. Дар айни ҳол барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, мачмӯи лексияҳо ва тестҳои санчишӣ тайёр карда шуда, ба донишҷӯён пешниҳод карда шудааст. Мунтазам аз тарафи устодони кафедра дарсҳои кушод гузаронида мешавад, ки дар ҷаласаҳои кафедра муҳокима карда мешавад. Аз чониби устодони кафедра бисёр васоитҳои талимӣ ва луғатҳои гуногун таҳия гардидаанд, ки ба донишҷӯён кумаки зиёд мерасонанд. Устодони кафедра дар тамоми чорабиниҳои тарбиявии умумидонишкадавӣ иштирок менамоянд.


Кафедра аз рӯи 2 самт фаъолият мекунад:


  • Масъалаҳои такмили усулҳои таълими забон дар шароити чаҳонишавӣ
  • Таҳлили сохторӣ-семантикии истилоҳоти иқтисодӣ дар забонҳои гуногун