Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Таҳлили иқтисодӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДӢ

Кафедраи «Таҳлили иқтисодӣ» қаблан кафедраи «Иқтисодиёти соҳибкорӣ» ном дошта, бо фармони ректори ДИТ аз 10 июли соли 2006 таҳти рақами 422 таъсис ёфтааст. Сипас 27 августи соли 2009 таҳти рақами № 244 дар асоси қарори Шӯрои олимон ва фармони ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кафедраи «Иқтисодиёти таҳлилӣ», аз 1 феврали соли 2010 таҳти рақами № 44 кафедраи «Бозори меҳнат ва таҳлили иқтисодӣ», ва аз моҳи майи соли 2012 бо қарори Шӯрои олимон ва фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кафедраи «Таҳлили иқтисодӣ» унвон гирифт. Ҳайати кафедра 9 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1 нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, 2 номзади илмҳои иқтисодӣ (аз он ҷумла 1 нафардотсент), 3 нафар муаллимони калон, 2 нафар ассистент ва 1 нафар ҳуҷатнигор мебошад.

Фаъолияти кафедраи мазкур барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёти таҳлилӣ равона карда шудааст. Роҳбарии кафедраро, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Музаффаров Бадриддин Сангалиевич ба ӯҳда доранд.


Устодони кафедра мақола ва корҳои илмии худро дар нашрияҳои гуногун ба чопрасонида шудааст. Мувофиқи стандарти давлатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таълим фанҳои зиёди таълимии нав ҷорӣ карда шудаанд, ки зимни он дар фаъолияти кафедра низ барои омода намудани маводҳои методӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.


Ҳамзамон оид ба фанҳои таълимие, ки аз ҷониби устодони кафедра дар факултетҳои донишкада аз рӯйи ихтисосҳои идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, иқтисодиёти таҳлилӣ, бизнес-омор, кори бонкӣ, бизнеси байналхалқӣ, нархмуайянкунӣ, суғурта, менеҷменти байналмилалӣ, ҳисоби бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурд ва миёна, технология ва низоми иттилоотӣ фаъолияти идоракунӣ, таъминоти ҳуқуқи ва фаъолияти гумрук ва логистика, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар хизматрасонии иттилотӣ таълимдода мешаванд, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ, силлабус барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули санҷишу имтиҳонот, мавзӯҳо дар шакли слайд, мавзӯҳои корҳои курсӣ, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар солҳои 2012-2018 нақшаи дарсҳои амалию тарбиявӣ ва дигар маводҳои таълимӣ–методӣ таҳия намуда мавриди истифода қарор дода шудаанд.


Устодони кафедра барои баланд бардо штани сатҳи сифати таълим, мавзӯҳои таълимиро ба талаботҳои стандарти давлатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуда, барои донишҷӯёнро дар сатҳи талаботи ҷаҳонӣ тайёр намудан мавод ва методҳои гуногуни санҷиширо истифода менамоянд, ки дар ҷараёни таълим «мизҳои мудаввар» ва баҳсҳои илмӣ гузаронида мешаванд.


Мавзӯи тадқиқоти илмии кафедра «Бехатарии озуқавори дар ҶумҳурииТоҷикистон» буда, устодони кафедра вобаста ба ин мавзӯъ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд. Кафедра дар тӯли фаъолияти худ ҳарсол як конфронс ва семенари илмӣ-амалӣ мегузаронад. Дар баробари ин кормандони кафедра дар чорабиниҳо, бахусус дар конфронсе, ки ҳарсол аз ҷониби Донишкада гузаронида мешавад, фаъолона ширкат меварзанд ва оид ба масъалаҳои ба минён омадаи соҳаи иқтисодиёт ва дигар масъалаҳо, инчунин доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба тозагӣ қабулшаванда ибрози андеша менамоянд.


Кафедра бо бисёр муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон (кафедраи «Таҳлили иқтисоди ва аудити»-и Донишгоҳи милили Тоҷикистон), (кафедраи «Таҳлили иқтисодӣ ва омори»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон робити зичи илмӣ дорад.