Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Система ва технологияҳои иттилоотӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ СИСТЕМА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТ

Кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт соли 2012 ҳамчун кафедраи тахасусии факултети «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» дар пояи собиқ кафедраҳои «Математика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва «Информатикаи амалӣ» таъсис ёфтааст. 

Дар кафедра аз рӯи самти тахасусии1-40010202 «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» мутахассисон тайёр карда шуда, дорои касбӣ муҳандис - барномасоз – иқтисодчӣ мешаванд. 

Талаботи асосии кафедра ин тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси замони муосир дар самти система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи малакат ба шумор меравад. 

Соли 2012 нахустин хатмкунандагони тахассуси 1-40010202 «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт»донишкадаро хатм намуданд. 

Ҳоло кафедраи «Система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт» яке аз кафедраҳои асоситарини факултаи «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ба шумор меравад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёти миллӣ саҳм мегузорад.

Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба дотсентон Раҳимов Ф.С, Ҳайдаров А.Ҷ. н.и.и н.и.ф.м. Мирзоабдуғафуров К.И устодони калон Соҳибов Ф.Ҳ Юсупова Ҳ., Ашуров М, Наҷмидинов А, ассистентҳо Хушмуҳаммадзода Зокир ва Шаҳриёри Н, Мусофирова Ф, Бобомуродов П, Мелиев Ф, кор ва фаъолият намудаанд. Ба сифати ҳамкорон д.и.т., профессор Мирзоахмедов Ф, н.и.и., дотсент Ғафуров П.Ҷ саҳми худро дар рушди кафедра гузоштанд.