Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Молия ва муомилоти пулӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ«МОЛИЯ ВА МУОМИЛОТИ ПУЛӢ»

Кафедраи «Молия ва қарз» дар асоси фармони ректори собиқ Донишкадаи молияи Тоҷикистон таҳти рақами № 3/4 аз 9-уми июни соли 2010-ум ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис ёфтааст. Аз 1-уми сентябри соли 2010 фаъолияташро оғоз кардааст. Баъди муттаҳидшавии донишкадаи иқтисодӣ ва молияи Тоҷикистон дар асоси фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 31.08.2012. кафедраи «Молия ва муомилоти пул» таъсис дода шуда, ба фаъолият оғоз кард. Мақсади таъсиси кафедра тайёр кардани мутахассисони соҳаи молия мебошад. Имрӯз дар кафедраи номбурда 13-нафар устодон фаъолият мекунанд. Кафедра ба ҳайати 21-нафараи худ, ки аз дотсентону устодон ва мутахассисони пешбари соҳаҳои молия ҷамъ омадаанд, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Устодони кафедра таълиму тарбияро ба ӯҳда доранд, ки дар ин самт фаъолиятро бомувафақият ба роҳ монда истодаанд. Имрӯз дар кафедраи «Молия ва муомилоти пул»: 6-нафар номзадҳои илмҳои иқтисодӣ; 6-нафар устодони калон; 1-нафар ассистент ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Кафедра таълиму тарбияи насли наврасро дар асоси низоми кредитӣ, ки ба стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯй аст ба роҳ мондааст. Дар назди кафедраи «Молия ва муомилоти пул» доир ба ҳар як фанни таълимӣ синфхонаи таълимии бо маводҳои методӣ ва таълимӣ ҷиҳозонидашуда мавҷуд аст. Қабули корҳои мустақилонаи донишҷӯён хело хуб ба роҳ монда шудааст. Дар назди кафедра маҳфили илмии «Ҷустуҷӯи эҷодӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ба корҳои илмӣ омодасозии онҳо фаъолият менамояд. Дар маҳфилҳои мазкур донишҷӯён таҳти роҳбарии профессорону дотсентони кафедра бо гузоришу маърӯзаҳои илмӣ дар семинару маҳфилҳо иштирок менамоянд ва ба конфронсҳои дохилидонишкадавию олимпиадаҳо ва берун аз он пешбарӣ карда мешаванд. Дар раванди фаъолият кафедра конфронс ва мизҳои мудавари илмӣ-методиро дар мавзӯҳои гуногуни молиявӣ, бонкдорӣ, суғурта ва сармоягузорӣ бахшида ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ доир намуд, ки дар он устодон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Кафедраи «Молия ва муомилоти пул»-и факултаи молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кафедраи тахассусӣ буда, дар соли таҳсили 2013-2014 таълими фанҳои зеринро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тибқи барномаҳои таълимии низоми кредитии таҳсилот ба роҳ мондааст:

  • 1. Назарияи молия;
  • 2. Молия, муомилоти пул ва қарз;
  • 3. Буҷети давлатӣ ва сохтори он;
  • 4. Молияи корхона;
  • 5. Молияи расмӣ;
  • 6. Низоми хазинадорӣ дар ҶТ;
  • 7. Буҷети давлатӣ;
  • 8. Молияи ташкилот;
  • 9. Этикаи касбӣ;
  • 10. Молия;
  • 11. Буҷети давлатии ҶТ;
  • 12. Молияи ташкилотҳои буҷетӣ;
  • 13. Банақшагирӣ ва пешгӯии буҷетӣ;
  • 14. Фондҳои мақсадноки буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ;
  • 15. Таърихи пайдоиши молия;