Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ

Раджабов Фахриддин Сайфиддинович

Мудири кафедра

Раҷабов Фахриддин Сайфиддинович

номзади и.ф.м., дотсент.


Утоқ: 317

Тел.: +992 2270017

E-mail: f.rajabov@feit.tj

Маълумот: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Назарияи системаи иттилоотии иқтисодӣ, лоиҳасозии системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёт, моделсозии системаи иттилоотӣ, сохт ва таҳлили системаи иттилоотӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Методҳои самараноки таълими фанҳои дақиқу табиатшиносӣ

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Истифодабарии методҳои самараноки таълим дар низоми кредитии таҳсилот

Нашрияҳои асосӣ: Физика (дастури таълимӣ), Физика, Консепсияҳои табиатшиносии муосир (дастури методӣ), Назарияи системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Лоиҳабандии системаи иттилоотӣ, Моделсозии системаи иттилоотӣ, Сохт ва таҳлили системаи иттилоотӣ (Барномаи таълимӣ), Лоиҳабандии системаи иттилоотӣ (Маҷмуи лексияҳо)

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «МОДЕЛСОЗИИ МАТЕМАТИКӢ ВА ИТТИЛООТӢ»

Кафедраи «Моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ» соли 2012 ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети «Технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт» дар пояи собиқ кафедраҳои «Моделсозии математикӣ ва технологияҳои иттилотӣ» (2003), «Информатикаи амалӣ» (2006), «Технологияҳои иттилоотӣ» (2009) ва «Технологияҳои иттилоотӣ ва логистика» (2009) ташкил карда шудааст. Аз ибтидои ташкилёбӣ то соли 2012 кафедраро д.и.т., профессор Мирзоахмедов Ф.М. роҳбарӣ менамуд. Аз соли 2012 то инҷониб кафедраро н.и.ф.м., дотсент Раҷабов Ф.С. роҳбарӣ менамояд. Кафедра аз рӯи равияи «Моделҳо ва методҳои математикӣ дар тадқиқи иқтисодӣ» тадқиқот мебарад. Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 1-31030601 «Технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт» мебошад. Донишҷӯён баъд аз хатми донишкада соҳиби тахассуси дусоҳавӣ- «математик-иқтисодчӣ» гашта дар марказҳои таҳлилӣ, молия, бонк, суғурта, технологияи информатсионӣ ва ғайра кору фаъолият менамоянд.


Фанҳои таълимии кафедраи «Моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ»

  • Эконометрика
  • Моделронии имитатсионии равандҳои иқтисодӣ
  • Усулҳои компютерии таҳлили оморӣ ва дурнамо
  • Методҳои математикӣ дар иқтисодиёт
  • Моделсозии иқтисодӣ-математикӣ
  • Сохт ва таҳлили системаҳои информатсионӣ
  • Асосҳои лоиҳабандӣ ва конструкторӣ
  • Лоиҳабандии системаи информатсионӣ дар иқтисодиёт
  • Назарияи системаҳои иттилоотии иқтисодӣ
  • Математикаи ҳисоббарор
  • Назарияи системавӣ ва таҳлили ситемавӣ
  • Усулҳои иқтисодӣ-риёзӣ
  • Муқаддимаи тахассусӣ
  • Математикаи молиявӣ
  • Таҷрибаомӯзии таълимӣ
  • Усулҳои риёзиёт ва тадқиқи амалиётҳо дар иқтисодиёт
  • Идораи захираҳо дар занҷирӣ таҳвил
  • Иқтисодиёти риёзӣ
  • Идораи низоми нақлиёт
  • Моделиронии ва коркарди компютерии маълумотҳои иқтисодӣ
  • Идораи хатари логистикӣ дар занҷирӣ таҳвил
  • Таъмини математикии ҳалли масъалаҳои молиявӣ
  • Моделсозии оморӣ