Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ-ҚАРЗИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ»

Кафедраи «Муносибатҳои молиявӣ қарзии - байналхалқӣ» мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо фармони № 56/и аз 26 июни соли 2012 ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис ёфтааст. Дар кафедра аз рӯи самти тахассусӣ 1-25010407 «Молия ва қарз дар ФИБ» мутахассисон тайёр карда мешаванд. Мудири кафедра номзади илмҳои иқтисод Содиқов М.С. мебошад. Ба кафедра устодони соҳибунвони ботаҷриба аз ҷумла доктори илмӣ иқтисод, профессор Саидмуродов Л.Ҳ. номзадони илми иқтисод, дотсентон Мирбобоев Р.М., Солив А.А.,Иброҳимов И.Р., Содиқов М.С., Усмонов П.Н. Имомназаров М., ва ассистентони кафедра Назаров А.И, Гадоев Б.З., Ҷамолов Д.Ш. ва Урунбоева Н.А. ҷалб карда шудаанд, ки онҳо ба донишҷӯён зиёда аз 15-фаннҳои таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз мақсади аввалиндараҷаи кафедра ин бо маводҳои таълимӣ таъмин кардани донишҷӯён мебошад. Дар айни ҳол барои ҳамаи фаннҳои таълимии кафедра маҷмӯъи лексияҳо аз фаннҳои ба кафедра вобасташуда, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, маҷмӯи лексияҳо ва тестҳои санҷишӣ тайёр карда шуда дар шакли электронӣ ба донишҷӯён пешниҳод карда шудааст. Кафедраи муносибатҳои молияви-қарзии байналхалқӣ оид ба ихтисосҳое, ки факултаи муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ тайёр менамояд яке аз кафедраҳои появӣ баҳисоб меравад. Дар кафедра аз аввали соли таҳсили ҳамагӣ 12 нафар устодон кор ва фаъолият мекунанд. Аз ҷумла 7 нафар устодони доими ва 3 нафар ҳамкорони дохила, 2 нафар ҳамкори беруна фаъолият мекунанд ки аз инҳо 1-нафар доктори илм, профессор. 5 нафар н.и.и. 2-нафар муаллимони калон ва 4-нафар ассистент фаъолият карда истодаанд. Дар маҷмӯъ аз 12-нафар устодони доимӣ дар кафедра 6 нафар дорандаи унвони илмӣ мебошанд.