Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Менеҷменти молиявӣ

Нуров Шабон Сафарович

Мудири кафедра

Нуров Шабон Сафарович

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент


Кабинет: 410

E-mail: sh.nurov@feit.tj

Маълумот: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Фанҳои таълимӣ: Молия, Молия, муомилоти пул ва қарз, Молияи корхона

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Иқтисодиёт

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Масъалаҳои такмили механизми ташкилию иқтисодии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)

Нашрияҳои асосӣ: Ҳамгироӣ ҳамчун омили рушди рақобатпазирии истеҳсоли маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ. Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти аграрии Тоҷикистон. Диверсификация ҳамчун омили рушди рақобатпазирӣ. Омилҳо ва методҳои баҳодиҳии рақобатпазирии маҳсулоти корхонаҳо. Моҳияти иқтисодию-иҷтимоии рақобатпазирӣ ва нақши он дар иқтисоди бозорӣ. Нақши рақобатпазирӣ дар иқтисоди бозорӣ. Нақши ташкилотҳои хурди молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВӢ»

Кафедраи менеҷменти молиявӣ мувофиқи фармони ректори ДМИТ аз 30.05.2012, таҳти № 1/6.2 ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети Иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ ташкил карда шудааст. Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати молияи ноҳияҳо, шуъбаҳои молиявии корхонаҳо, ташкилотҳо, бонкҳо, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи молия, иқтисодиёт, талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Кафедраи менеҷменти молиявӣ тахассусӣ буда, дар он ду ихтисос 1-25010410 менеҷменти молиявӣ ва 1-26020208 менеҷменти инвеститсионӣ» амал мекунад. Соли 2013 нахустин хатмкунандагони тахассуси менеҷменти молиявӣ донишкадаро хатм намуданд. 

Дар назди кафедра маҳфили илмии «менери молиявӣ ва сармоягузорӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ба корҳои илмӣ омодасозии онҳо фаъолият менамояд. Дар маҳфилҳои мазкур донишҷӯён таҳти роҳбарии профессорону дотсентон ва омузгорони калони кафедра бо гузоришу маърӯзаҳои илмӣ дар семинару маҳфилҳо иштирок менамоянд ва ба конфронсҳои дохилидонишкадавию олимпиадаҳо ва берун аз он пешбарӣ карда мешаванд. Дар раванди фаъолият кафедра конфронс ва мизҳои мудавари илмӣ-методиро дар мавзӯҳои гуногуни молиявӣ, бонкдорӣ, суғурта ва сармоягузорӣ бахшида ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ доир намуд, ки дар он устодон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад менамоянд. 

Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда баромад, ки ба шароити нави таълим ва хоҷагидорӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло кафедраи менеҷменти молиявӣ яке аз кафедраҳои асосии факултети Иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисодиёт саҳм мегузорад. Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисосҳои менеҷменти молиявӣ ва менеҷменти инвеститсионӣ д.и.и. прафессор Пиризода Ҷ. дотсентон н.и.и.,Ҷураев Х.Ғ. ва н.и.и. Нуров Ш.С., устодони калон Ғуломносиров Н.А., Амиров М.С., Мирзоева Е.Ш. ва Ҷураева Х.Ҳ., ассистентон Ҳакимова М.С., Икромов Ф.Н., Саъдиев Ҳ.Ф., ва Файзуллоев К.Ҷ. кор ва фаъолият намуда истодаанд. 

Кафедраи «менеҷменти молиявӣ» факултети Иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кафедраи тахассусӣ буда, дар соли таҳсили 2017-2018 таълими фанҳои зеринро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тибқи барномаҳои таълимии низоми кредитии таҳсилот ба роҳ мондааст: 


1.Идораи молияи давлатӣ 

2. Менеҷменти молиявӣ 

3. Менеҷменти инноватсионӣ 

4. Менеҷменти сармоягузорӣ

5. Бозори молиявӣ 

6. Муомилоти пул ва қарз 

7. Таъмини ҳуҷҷатгузории молиявию қарзӣ 

8. Контроллинг 

9. Буҷетикунонӣ дар фаъолияти корхонаю ташкилотҳо 

10. Иқтисодиёти молиявӣ 

11. Моделҳои идоракунӣ дар низоми молиявӣ 

12. Ҳуҷҷатгузории молиявӣ 

13. Сиёсати молиявии корхона 

14. Хавфи молиявӣ ва муҳити соҳибкорӣ 

15. Асосҳои назарияи менеҷменти молиявӣ 

16. Стратегия ва амалияи идораи молиявӣ