Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Менеҷмент

Неъматов Илхомидин Усмонович

Мудири кафедра

Неъматов Илҳомидин Усмонович

номзади илми иқтисод, дотсент


Кабинет: 201

E-mail: i.nematov@feit.tj

Маълумот: Донишкадаи андоз ва хукук

Фанҳои таълимӣ: Менеҷмент, маркетинг, медиа-менеҷмент, менеҷменти стратегӣ ва инноватсионӣ

Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Тадқиқи низомҳои нархмуайянкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Государственное регулирование цены продовольственных продуктов и основные направление его совершенствования (на примере РТ)

Нашрияҳои асосӣ: Нақши маркетинг дар рушди бозори озуқаворӣ. Аҳамияти низоми танзими давлатӣ ва нақши он дар бахши кишоварзии иқтисодиёт. Ташаккули инфрасохтори бозори озуқаворӣ. Ташакул ва инкишофи бозори минтақавии озуқаворӣ. Муносибати методологӣ ба таҳқиқи маркетинги бозори минтақавии гушт. Зарурияти омӯзиш ва таҳқиқи шуғли аҳолии иқтисодиёти ниҳонӣ дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ. Муаммоҳои молиявию иқтисодии тараққӣ додани гидроэнергетика. Ҳолати муосир ва баъзе муаммоҳои рушди туризм дар ҶТ. Масъалаҳо ва роҳҳои танзими давлатии нарх дар шароити ҳозира. Фаъолияти гумрук дар низоми танзими давлатии муносибатҳои иқтисодии хоричӣ.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «МЕНЕҶМЕНТ»

Кафедраи «Менеҷмент» бо фармони №83 аз моҳи августи соли 1998 дар доираи факултети «Иқтисодиёт» низоми қисми таълимии ДАҲ кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг» ҳамчун кафедраи тахассусӣ барои ихтисоси «Менеҷмент» таъсис гардида, 1-уми феврали соли 2010 таҳти фармони №48 номи кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг» ба кафедраи «Менеҷменти инноватсионӣ» тағйир дода шуда ва аз 28-уми июни соли 2011 номи кафедраи «Менеҷменти инноватсионӣ» ба кафедраи «Менеҷмент» иваз карда шудааст. Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги корхона, фирмаҳои хусусӣ ва ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт, идоракунӣ ва технологияи компютерӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилалии низоми идоракунӣ талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунӣ дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Бинобар ин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсил ва дониши донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шуд. Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда баромад, ки ба шароити нави таълим ва хоҷагидорӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло кафедраи «Менеҷмент» яке аз кафедраҳои асосии факултети «Менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ» мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ саҳм мегузорад. Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ профессор Бозоров Ш.Ш, дотсентон: Назарамонова Д.М., Қосимова С.И., Шарипова Г.Г., устодони калон: Ҳасанова Г.Ф., Боймуродов Ф.Э., Қосимов Т.А., Ҳомидов А.Х., ассистентҳо: Хуррамова З.М, Саидов Б.М., Кенҷаев Д, ҳамкорони дохилӣ муаллимони калон Холбобоев Р.Б., Кураева Н.К., инчунин ҳуҷҷатнигори кафедра Қаландаров Р кор ва фаъолият намуда саҳми худро дар рушди кафедра мегузоранд. Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кафедра саҳми олимони тоҷик-д.и.и., профессорон Ш.Б Ҷонмамадов, Л.Х.Саидмуродов ,И.Х.Тоҷибоев ва Ш.Ш. Бозоров хеле калон аст.